Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Тоҷикистон аз афзоиши тавлидоти мухаддирот дар Афғонистон


Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба сурати қобили мулоҳизае афзоиш ёфтааст. Владимир Сотиров, фиристодаи вижаи дабири кулли СММ ва раиси дафтари таҳкими сулҳи ин созмон дар Тоҷикистон зимни муаррифии гузориши Кумитаи назорат бар маводи мухаддири СММ гуфт, назар ба соли 2005 дар Афғонистон майдони кишти хашхош 59 дарсад ва тавлиди маводи мухаддир 50 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Оғои Сотиров гуфт, дар соли 2006 дар Афғонистон шаш ҳазору сад тон маводи мухаддир тавлид шудааст, ки ин рақами бесобиқа мебошад. Оғои Сотиров ҳамчунин гуфт, пажӯҳишҳо нишон додааст, ки дар 28 вилояти Афғонистон хашхош кишт мешавад ва аз се як ҳиссаи иқтисоди ин кишварро низ оидот аз фурӯши маводи мухаддир ташкил мекунад.


Дар ҳамин ҳол, Рустам Назаров, раиси Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар соли равон мавориди боздошт ва кашфу забти маводи мухаддир дар Тоҷикистон низ афзоиш доштааст, ва мақомоти интизомӣ ҳамчунон афзоиши бештари қочоқи маводи мухаддир тавассути марзҳои Тоҷи кистонро вобаста ба афзоиши мизони тавлидоти он дар дохили Афғонистонро пешбинӣ мекунанд. Оғои Назаров афзуд, дар навоҳиии шимолии Афғонистон тавлидгоҳҳои героин афзоиш ёфтааст.


Раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, прекурсор ё маводи кимиёӣ барои тавлиди героин умдатан аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба ин кишвар ворид мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ, то кунун ягон маврид қочоқи ин мавод аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо вуҷуди чанд навбат амалиёти махсус ошкор нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG