Пайвандҳои дастрасӣ

Оши тоҷикӣ - беҳтарин таом дар Амрико


Оши палави тоҷикӣ беҳтарин оши палави миллӣ дар як озмун дар Амрико дониста шуд.

Ахиран, дар Донишгоҳи Индианаи ИМА, ки дар шаҳри Блумингтон ҷойгир аст, дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни Наврӯз озмуни беҳтарин оши палав баргузор шуд. Ба озмун ошҳои палави тоҷикӣ, ӯзбакӣ, қазоқӣ, туркманӣ, ӯйғурӣ, эронӣ ва амрикоӣ пешниҳод шуд. Ошҳо бо гӯшти гов, гӯсфанд, кабк ва моҳӣ, бо иловаи мурчу зираву сирпиёз таҳия шуданд.

Ҳайати доварон ду меъёри баҳодиҳиро таъйин карданд: намуди зоҳирии ош ва маззаву маводи истифодашудаи он. Фарзона Зеҳнӣ, як адабиётшиноси тоҷик, ки дар ин озмун иштирок кард, дар ниҳоят барандаи он дониста шуд.

Кадбонуи тоҷики барандаи озмуни оши палав Фарзона Зеҳнӣ гуфт, меҳмононе, ки ба ош баҳо доданд, донишҷуёни амрикоие буданд, ки забонҳои Осиёи Марказиро меомӯзанд, инчунин дар миёни меҳмонҳо устодони донишгоҳ ва сокинони шаҳри Блумингтон, куллан ҳудудан 100 нафар буданд.

Дар Донишгоҳи Индиана факултаи Омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Аврупо (CEUS) мавҷуд аст, ки дар он олимон ва устодони забоншиноси кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Арманистон ба толибилмони амрикоӣ забонҳои миллии ин кишварҳоро таълим медиҳанд.
XS
SM
MD
LG