Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо дар Тоҷикистон ба гузориши солонаи Амрико


Ҷонибдорони ҳукумат нуктаҳои аслии ин гузоришро, ки мегӯяд, соли гузаштаи 2006 дар Тоҷикистон мушкили озодии баён, гуногунандешӣ ва фишор болои матбуоти мустақил чандон беҳбуд наёфтааст, беасос мешуморанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ ба радиои Озодӣ гуфт, нашри чунин гузоришҳо, ки аксаран Тоҷикистонро ба сифати як кишвари худкома ё авторитарӣ арзёбӣ мекунанд, дар муносиботи берунаи он таъсири манфӣ нахоҳад гузошт. Ӯ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон омодааст, гузориши Вазорати умури хориҷии Амрикоро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва имкон дорад, баъзе аз нукоти онро рад кунад:

«Дар навбати худ, мо чунин хулосаҳоро ба эътибор мегирем. Вале, кӯшиш мекунем, ки бе интишори гузориши созмонҳои бонуфуз ва кишварҳои абарқудрат, ҳуқуқи шаҳрвандони мо нақз нашавад ва онҳо ягон проблема надошта бошанд. Нисбат ба хулосае, ки махсусан фишор аз болои аҳзоби сиёсиро таъкид мекунад, ризо нестам. Дар ин маврид дурӯғ мегӯянд».

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо хулосаи ахири Вазорати хориҷии Амрико мувофиқ будани худро пинҳон намекунад. Вай мегӯяд, дарвоқеъ, замони баргузории интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2006 фишорҳои зиёде болои аҳзоби мухолифи ҳукумат ҷо доштанд. Оқои Ҳакимов гуфт, ба телевизионҳои давлатӣ роҳ наёфтани намояндагони ҳизбҳои оппозитсион низ яке аз далоили ҳукумати худкома мебошад:

«Воқеан, дар усули идоракунии ҳукумати мо аломатҳои худкомаӣ ё авторитарӣ ҳаст. Аз ин рӯ, ҳамчун олим ва сиёсатмадор бо хулосае, ки дар ҳисоботи солонаи Вазорати корҳои хориҷаи Амрико оварда шудааст, розӣ ҳастам».

Паём Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, мушкили нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ҳамоно мушкили аслӣ ва нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ӯ пешниҳоди лоиҳаи Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, ғайри қобили қабул медонад ва мегӯяд, дар натиҷаи ба имзо расидани он, ҳукумати Тоҷикистон боз як минуси дигар барои худ кор мекунад:

«Роҷеъ ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бояд бигӯям, ки ҳоло як мушкили асосӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд дар ин роҳ пешрафтҳое ҳам шуда».

Дар ҳамин ҳол, Қаҳрамон Сангинов, корманди Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Душанбе гуфт, ҳанӯз ҳам ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ба гуфтаи вай, соли 2006 шаҳрвандон ба дафтари онҳо барои нақзи ҳуқуқашон зиёд муроҷиат карданд.

Ин мушкил гурӯҳе аз ҷавони тоҷикро низ ором намегузорад. Абдусамад Султонов, райиси созмони «Ҷавонон ва тамаддун» баҳои Вазорати умури хориҷии Амрикоро нисбат ба нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар воқеӣ ва холисона медонад. Вай мегӯяд, дар ҳолати риоят нашудани ҳуқуқи инсон, шомил гардидани Тоҷикистон ба узвияти баъзе аз созмонҳои тиҷорӣ ва муносибаташ бо кишварҳои демократӣ мушкилтар хоҳад шуд.

Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷии Амрико роҷеъ ба зиндонӣ шудани Файзинисо Воҳидова, яке аз фаъолони Ҳизби сотсиал - демократ дар вилояти Суғд, шиканҷаи Саъдулло Маъруфов, узви Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳодисаҳои зиёди шиканҷаи боздоштшудагон бо ҷурми узвият дар «Ҳизбуттаҳрир», боло рафтани сатҳи ришвахорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ набудани интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурӣ ишора шудааст.
XS
SM
MD
LG