Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи амалиёти муштараки НАТО дар вилояти Ҳилманд


Нирӯҳои НАТО ҳамроҳ бо низомиёни Афғонистон ба хотири ба эътидол овардани вазъи ноороми вилояти Ҳилманд бузургтарин амалиёти низомиро дар ин минтақа ба роҳ мондаанд. Нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ё АЙСАФ мегӯянд дар амалиёти мазкур ба эҳтимоли ғолиб 4500 нируҳои таҳти раҳбарии НАТО ва ҳудудан 1000 тан афроди амниятии Афғонистон ҷалб хоҳанд шуд.




Фармондеҳи ҳолландии нирӯҳои минтақаии АЙСАФ генерал-майор Том ван Лун гуфт,ки амалиёти мазкур нерӯҳои марбут ба Толибон ва қочоқбарони маводи мухаддирро ҳадаф қарор додааст: "амалиёти мазкур тундгароёни толибон, қочоқбарони маводи мухаддир ва террористони хориҷиро ҳадаф қарор додааст. Ин гурӯҳҳо ба шумо,мардуми афғон, бадрафторӣ карданд ва аз заҳматҳои сангини шумо баҳра мебаранд"



Вилояти Ҳилмандро бузургтарин тавлидкунандаи хашхош дар ҷаҳон медонанд. Назорати ҳукумат аз болои аксар вилоёти Афғонистон кофӣ нест ва қариб ҳар рӯз нирӯҳои НАТО бо гурӯҳҳои ҷангиён вориди даргирӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG