Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси маркази фарҳангии тоҷикон дар Удмуртия


Дар ҷумҳурии Удмуртияи Русия маркази нави фарҳангии тоҷикон бо номи «Ориён-Тоҷ» ифтитоҳ гардид. Маросими кушоиши ин марказ бо ширкати мақомоти расмии Удмуртия баргузор шуд. Фарҳод Назаров, раиси «Ориён-Тоҷ» мегӯяд, маркази мазкур дар навбати аввал талош ба харҷ медиҳад, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Удмуртия аз қайди расмӣ гузаранд ва зиндагии озод дар чаҳорчӯби қонун дошта бошанд. Маркази фарҳангии «Ориён-Тоҷ» омода аст барои муҳоҷирони тоҷик давраҳои омӯзишӣ доир ва аз ҳуқуқи онҳо дар ин кишвар ҳимоят кунад. Муовини аввали вазири сиёсати миллии Удмуртия Наталя Смирнова аз таъсиси Маркази фарҳангии «Ориён-Тоҷ» истиқбол кард ва нақши онро дар ҳифзи забон ва анъаноти фарҳангии тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд.
XS
SM
MD
LG