Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Финлӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон


Имрӯз 7- уми март қарор аст Ҷули Финлӣ сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифов дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Ҳамзамон мулоқоти хонум Финлӣ бо мушовири давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев дар назар аст. Рӯзи гузашта сафири Амрико дар САҲА аз Хуҷанд шимоли Тоҷикистон дидан кард ва бо мақомоти вилояти Суғду созмонҳои ғайриҳукуматии ин минтақа сӯҳбат дошт.


Хонум Финлӣ дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе гуфт тибқи мушоҳидаҳо интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта бидуни гуногунандешӣ ва рақобат сурат гирифт. Ӯ инчунин аз камрангии ҳузури аҳзоби сиёсии мухолиф дар порлумон, вуҷуди коррупсия дар ниҳодҳои давлатӣ, адами риояти волоияти қонун, вуҷуди фишорҳо болои созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Сафири Амрико дар САҲА гуфт ҷиддан тақозо мекунад, ки қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ, ки ахиран порлумони Тоҷикистон онро қабул кард, бинобар маҳдуд кардани ҳаққи ин созмонҳо бознигарӣ шавад. Қарор аст боздиди Ҷули Финлӣ аз Тоҷикистон имрӯз бо баргузории як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба анҷом расад.
XS
SM
MD
LG