Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзи ҳуқуқи инсон дар соли 2006


Дар ин гузориш омадааст, ки дар соли 2006 ум дар Русия тамаркузи қудрат дар дасти шохаи иҷроия бо фишори ҳукумати марказӣ болои дастгоҳи адлия ва созмонҳои ғайридавлатӣ идома дошт ва дар ин раванд ҷавобгӯии ҳукумат дар назди қонун торафт камтар мешуд. Нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистон ва дигар минтақаҳои Қафқози Шимолӣ ба таври ҷиддӣ идома дошт.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА навиштааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ озодии баён ва ҳамоно маҳдуд боқӣ мондааст. Дар гузориш омадааст, ки дар Қирғизистон баъди бо роҳи демократӣ интихоб шудани раҳбарияти кишвар дар соли 2005-ум вазъи ҳуқуқи башар ба таври назаррас беҳбуд ёфт. Вале дар моҳи декабри соли 2006 парламент бо тасвиби қонуни асосии дигар салоҳияти шохаҳои гуногуни қудратро, ки садди роҳи ба миён омадани ҳокимияти худкома мешаванд, коҳиш дод. Вазорати корҳои хориҷии ИМА мақомоти Гурҷистонро барои кӯшиши беҳбуд бахшидани вазъи ҳуқуқи башар ситоиш кардааст. Ба вижа, он аз ислоҳоти сохтори адлияи ин кишвар истиқбол мекунад. Вале баръакс, вазъи ҳуқуқи дар ду кишвари дигари Қафқоз -- Арманистон ва Озарбойҷон мавриди интиқоди Вазорати корҳои хориҷии ИМА шудааст.

Вазорат дар мавриди Афғонистон навиштааст, ки аз замони шикасти Толибон дар соли 2001 то кунун, ин кишвар дар самти риоят ба ҳуқуқҳои башарӣ пешрафт кард, вале вазъи куллӣ ҳамоно ногувор боқӣ мемонад.
Дар мавриди Эрон Вазорати корҳои хориҷии ИМА навиштааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ озодиҳои баён ва ҷамъомадҳоро помол мекунад. Гузориш ҳамчунин аз иддаъоҳо дар мавриди пуштибонии ҳукумати Эрон аз ҷумбишҳои табаҳкор дар Сурияву Лубнон ва даъвати раиси ҷумҳурии ин кишвар барои аз харитаи ҷаҳон пок кардани як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, яъне Исроил ёдовар шудааст. Маълумоте, ки дар ин гузориш истифода шудааст, дар давоми соли 2006 аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар Вошингтон ва хориҷ аз Амрико ҷамъоварӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG