Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таърихчаи Иди занон


Аксарият иди 8-уми мартро ба давраи шӯравӣ нисбат медиҳад ва аз он ҷо ки коммунизм барои бисёриҳо як падидаи номақбул аст, иде ки аз он давра мондааст, чандон хушоянд нест. Биноан, Алишер, як хонандаи сомонаи интернетии мо пешниҳод кардааст, рӯзи мавлуди Бибифотима ё Заҳро алайҳиссалом рӯзи иди зан эълон шавад. Вале дастикам ду мубоҳиси ӯ, Мӯҳсин ва Фаромарз ба ин пешниҳод мухолифанд. Фаромарз менависад, "8-март таърихан рӯзи муборизоти тулонӣ ва пайиҳами занон дар саросари ҷаҳон аст ва кас ҳақ надорад рӯзи дилхоҳи худро бар занон таҳмил кунад."

Аммо оё таърихчаи ин ид чигуна аст ва чаро маҳз ҳашутми мартро Рӯзи зан меноманд?

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, андешаи таҷлили рӯзи ҷаҳонии занон дар оғози садаи бист дар ҳоле ба миён омад, ки пешрафти саноъат як давраи густариш ва пуршебу фароз, давраи афзоиши аҳолӣ ва зуҳури идеолужиҳои радиколро оғоз ниҳод. Рӯзи зан аввалин бор аз тарафи Ҳизби сотсиалисти Амрико дар 28-уми феврали соли 1913 ҷашн гирифта шуд. То соли 1913 охирин якшанбеи моҳи феврали ҳар сол, рӯзи иди занон буд.

Дар соли 1910 дар анҷумани Интернатсионали сотстиалист дар Копенҳаген бо ширкати 100 вакил аз 17 кишвар рӯзи ҷаҳонии занро ба расмият шинохт, вале таърихи дақиқе барои он муқаррар накард.

Дар соли 1911 занон дар Австрия, Дания, Олмон ва Швейтсария 19 март рӯзи занро таҷлил карданд. Ҳафтае баъдаш, 25- уми март дар тирандозии сеҷонибаи тазоҳуркунандагон дар Ню Йорк 140 зану духтар кушта шуданд.

Соли 1917 дар охирин якшанбеи моҳи феврал занон дар Русия ба муносибати рӯзи худ бар зидди ҷанг, бекорӣ, фақр ва ҳукумати подшоҳии Русия раҳпаймоӣ карданд. Чаҳор рӯз баъд аз ин намоиш ҳукумат ба онҳо ҳаққи рой дар интихобот дод.

Ҳамин тавр ҳамасола дар яке аз рӯзҳои ё феврал ё март Рӯзи ҷаҳонии зан бо намоишу раҳпаймоиҳои эътирозӣ қайд мешуд, то дар соли 1975 Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид 8-уми мартро Рӯзи ҷаҳонии занон эълон кард.

Дар собиқ Иттиҳоди шӯравӣ танҳо дар соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии вакилони мардуми шӯравӣ 8-уми март расман иди занон эълон шуд.

Дар Тоҷикистон, вақте идҳои замони шӯравиро бознигарӣ мекарданд, ҳаштуми март дар шумули идҳо боқӣ монд ва ба таърихи давраи истиқлолияти кишвар ворид гашт. Хонандаи сомонаи интернетии мо, бо номи Азиз менависад, "ҳангоме ки ҷашни зан фаро мерасад, хеле мадҳу сано ба гӯш мерасад, вале эй кош ин суханон ҷойи худро ба амал бидиҳанд. Аҳволи иҷтимоии занон дар кишвар он қадар асафбор аст, ки агар таҳқиқи ҷиддӣ анҷом гирад, баъд умқу ваҳшати ин бӯҳрон намоён мешавад. Он гоҳ огоҳ хоҳем шуд, ки зани тоҷик чӣ дардеро кашида истодааст. Инро таърих исбот кардааст, ки насли инсон ва ояндаи инсон аз зан ва модар вобастааст. Ва вақте ки зан дар чунин ҳол аст, чи ояндаеро барои ин ҷомеа метавон интизор буд?"

Суол ба кист?
Ва посух чист?
XS
SM
MD
LG