Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши бегонаситезӣ дар Русия


Александр Брод раиси Созмони ҳуқуқи башар дар шаҳри Маскав мегӯяд, ки дар ду моҳи ахир 13 нафар аз миллатҳои ғайр ва гандумгун дар Русия қурбони дасти гурӯҳҳои миллигаро шудаанд:

"Бегонаситезӣ дар миёни мардуми Русия назар ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Ва рӯз то рӯз зӯроварӣ дар миёни ҷавонон низ шиддат мегирад. Дар ду моҳи ахир гурӯҳҳои миллигарои рус ба 50 нафар ҳамла карда ва 13 нафарро куштаанд."


Ҳамчунин оқои Брод гуфт, ки дар ин сол 12 нафар барои афкори нажодпарастӣ муттаҳам шудаанд. Вай афзуд, ин рақам баёнгари воқеияти ҳол нест, зеро аксари ҷабрдидагон ба пулис ё додгоҳ муроҷиат намекунанд:

"Аксари намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ва донишҷӯён аз тарс ба пулис ё додгоҳ муроҷиат намекунанд. Тарс доранд, ки гурӯҳҳои миллигаро аз онҳо ниқор мегиранд ва ҳамчунин ба мақомоти интизомӣ низ бовар надоранд ва фикр мекунанд, ки беҳтар аст хомӯш бошанд, то ягон бало ба сари худ наоранд."

Ба андешаи Комилҷон Қаландаров як узви Палатаи Ҷамъиятии Русия ҳатто давлат дар ин кишвар як андоза ба эҳсоси бегонаситезӣ дар ҷомеа доман мезанад. Вай мегӯяд, ки давлати Русия мардумонро ба ду қисм тақсим кардааст:

"Мутаассифона, ҷамъияти Русия ба ду гурӯҳ тақсим шудааст як гурӯҳ мардуми рус ва як гурӯҳ мардуми ғайри рус. Ҳоло хатари нажодпарастӣ дар Русия бисйор зиёд аст. Ба назари ман нажодпарастӣ дар миёни мардуми рус на танҳо ба фарди алоҳида хатар дорад, балки барои давлати Русия низ хатари зиёд эҷод мекунад. "

Муфти Нафеъулло Оширов, низ гила мекунад, ки давлати Русия барои маҳви бегонаситезӣ талоши зиёд ба харҷ намедиҳад:

"Ҳукумати Русия ба шеваҳои бегонаситезӣ аҳамият намедиҳад. Ҳоло дар Русия нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ дар ҳоли рушд аст. Агар давлати Русия чорае набинад, метавонад дар оянда ба ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шавад."

Ба гуфтаи Комилҷон Қаландаров узви Палатаи Ҷамъиятии Русия, куштори тоҷик ё ӯзбак барои мардуми рус чизи ҷиддие нест. Вай гуфт, мо ҳоло дар як ҳолати ҷанги эъломнашуда зиндагӣ дорем, ки одамро танҳо барои фарқи ранги пӯст ё мӯяш ба қатл мерасонанд.
XS
SM
MD
LG