Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ. Финлӣ: "Бояд садои дигаронро низ шунид"


Хонум Финлӣ гуфт, интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор гардид, минҳайси як маъракаи муҳими сиёсӣ бидуни рақобати воқеӣ баргузор шудааст. Мақоми аршади амрикоӣ гуфт, ҳукумат ва парлумон аслан аз намояндагони ҲХДТ, ҳизби ҳукмрони Тоҷикистон иборатанд. Аммо, афзуд ӯ, дар ҷомиа бояд садои дигар аҳзоб ва созмонҳо низ шунида шаванд:

«Ҳукумати босубот бидуни гуногунандешии ҳақиқӣ наметавонад аз мардум намояндагӣ ва рушди ҷомиаро таъмин кунад. Котиби давлатӣ Кондолиза Райс ба қарибӣ ҳисоботи солонаи ИМАро дар мавриди ҳуқуқи башар дар ҷаҳон интишор хоҳад дод. Ин гузориш нишон медиҳад, ки Тоҷикистонро мебояд ба ҳалли як қатор масоил дар ҷомиа таваҷҷӯҳ кунад»

Хонум Финлӣ коррупсия, волоияти қонун ва зарурати эҷоди як ҷомеаи озодро аз ин гуна масоил арзёбӣ карда, гуфт, дар акси ҳол созмонҳои ғайридавлатӣ наметавонанд бидуни фишор фаъолият кунанд.

Сафири Амрико дар САҲА аз рӯйи кор омадани қонуни Иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки ахиран аз сӯйи порлумони ин кишвар ба тасвиб расид, изҳори нигаронӣ карда гуфт, он фаъолияти иттиҳодияҳои ғайридавлатиро маҳдуд хоҳад сохт. Хонум Финли ҷиддан хостори бознигарии ин қонун шуд.

Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар ҳузури Ҷули Финли, сафири Амрико дар САҲА низ аз нигарониҳои худ ибрози назар намуда, муҳити сиёсии Тоҷикистонро барои фаъолияти аҳхоби мухолифи давлат ғайри қобили қабул арзёбӣ карданд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон гуфт, дар Тоҷикистон адами иродаи сиёсӣ ва муҳити солими сиёсӣ сахт эҳсосшаванда аст. Мирҳусайн Нарзиев, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист, ки қаблан аз сӯйи вазорати адлияи Тоҷикистон эътироф нашуд, гуфт, ҳизбаш соли 2001 бо имзои ӯ ба Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид шудааст. Вай афзуд, раисҷумҳур ва парлумони кишвар масъулияти иҷроиши аҳдномаи Шӯрои ҷамъиятиро бар дӯш гирифта буданд. Аммо, афзуд оқои Нарзиев, Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ин аҳдномаро нақз ва ба умури дохилаи Ҳизби сотсиалист дахолат кардааст. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфт, ҳукумати Тоҷикистон натавонистааст, ки ширкати аҳзоби сиёсии кишварро дар интихоботи раисҷумҳур таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол, Кароматулло Олимов, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳукумати кишвар аз мушкилоти ҷомиа огаҳӣ дорад ва пайи ислоҳи онҳост.
XS
SM
MD
LG