Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синамогари тоҷик ҷоизаи байналмилалӣ гирифт


Филми "Биҳишт фақат барои мурдагон" аз сохтаҳои Ҷамшед Усмонов ду рӯзи пеш дар ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Белград дар бахши мусобиқаи филмҳо барандаи Гранд При ё ҷоизаи аслӣ шуд.


Ин ҷашнвора "Берун аз Аврупо" ном дошт ва филмҳои зиёде дар он ширкат доштанд.


Филмҳои Ҷамшед Усмонов дар ҷашнвораҳои зиёди байналмилалии синамо ширкат ҷуста, ҷоизаҳои байналмилалӣ ба даст овардааст. "Парвози занбур " ва "Фариштаи китфи рост" аз ҷумлаи филмҳои Ҷамшед аст, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд. "Фариштаи китфи рост" беш аз даҳ ва "Парвози занбур" 13 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст. .


Филми нави вай бо номи "Биҳишт фақат барои мурдагон" соли гузашта таҳия шуд ва дар давоми чанд моҳ ду ҷоизаи байналмилалиро аз они худ кард. Ин филм дар ояндаи наздик дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Эстония ва Ҳонг Конг ширкат хоҳад кард.
Нурмуҳаммади Холзода, Прага
XS
SM
MD
LG