Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як шаҳрванди Аморати Араб дар Хуҷанд


МИ

Як шаҳрванди Аморатҳои Муттаҳидаи Араб аз сӯи кормандони умури дохилаи Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қочоқи ҷавонзанони тоҷик ба шаҳри Дубай бо мақсади истисмори шаҳвонӣ боздошт шудааст. Ба гуфтаи Абдуғаффор Холиқов, корманди маркази таҳлилии идораи умури дохилаи Суғд, боздошти ин шаҳрванди Иморот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳамроҳ бо ду зани маҳаллӣ мехост, чанд ҷавонзани Суғдро бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои дурӯғ барои истифодаи шаҳвонӣ ба шаҳри Дубай интиқол диҳад.


Подполковник Холиқов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки идораи умури дохилаи Суғд нисбати шаҳрванди боздоштшудаи Иморот ва ду зани сокини Хуҷанд - С. Қ. ва Г. П. мутобиқи банди 132 - юми Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои маҷбур кардани занон ба танфурӯшӣ парванда боз кардааст.


Тавре умури дохилаи Суғд мегӯяд, ин гурӯҳи сенафарӣ аз соли 2000 то ин муддат ба ҷалб ва интиқоли теъдоде аз ҷавонзанони Суғд ба шаҳри Дубай ва дар он ҷо бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ водор кардани онҳо ба фоҳишагӣ шуғл дошт. Ахиран яке аз ин ҷавонзанони қурбонии қочоқи инсон пас аз бозгашт аз шаҳри Дубай ба Хуҷанд аз аъмоли гурӯҳи сенафарӣ ба умури дохилаи Суғд шикоят бурдааст.


Барои бори нахуст дар вилояти Суғд як шаҳрванди АМА бо иттиҳоми қочоқи инсон мавриди боздошт қарор мегирад.Аммо дар ду моҳи ахир ин шашумин мавриди боздошти сокинони Суғд, наздики даҳ тан ва бештар занон, ба гумони даст доштан дар ин ҷурм аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG