Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рашт бо усули нав таълим медиҳанд


Дар бархе аз макотиби минтақаи Рашт усули нав ва фаъоли таълим роҳандозӣ шудааст. Абдулаҳад Ятимов, мудири мактаби шумораи сеи шаҳри Роғун ба радиои Озодӣ гуфт, тарзи нави таълим зери назари мутахассисони Донишгоҳи такмили ихтисоси шаҳри Хоруғ сурат мегирад. Вай гуфт, чунин шакли таълим айни замон чун як таҷриба омӯхта мешавад ва барои устодон имконият фароҳам оварда шудааст, то онҳо бахшҳои омӯзишии усули навро аз бар намоянд.

Омӯзгор Райҳона Сафарова мегӯяд, усули нав дар мактабе, ки беш аз 1000 хонанда дорад, аллакай
бартариҳои худро аз шаклҳои қаблии таълим нишон додаст. Вай гуфт, дар чунин шакли таҳсил умдатан дарс бо гурӯҳҳо мегузарад ва хонанда худро озод ҳис намуда донишҳои заруриро фаро мегирад. Ҳамзамон, Саломат Улфатова, устоди фанни таърих бар ин назар аст, ки усули фаъоли таълим баробарии ҳуқуқии муаллиму хонандаро дар дарс таьмин менамояд.

Ин дар ҳолест, ки чанд нафар аз омӯзгорони шаҳри Роғун камии маош ва набуди ҳавасмандиҳо дар бахши омӯзишу парваришро аз мавонеъи аслӣ дар роҳандозии ин шакли таълим медонанд. Раҷабалӣ Хоҷаев, мушовири шӯьбаи маорифи Роғун мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, норасоии устодони фаннӣ дар макотиби ин шаҳр ба таври назаррас мушоҳида мешавад.

Коршиносон мегӯянд, маҳз нарасидани омӯзгорон дар макотиб ба раванди таълиму тадрис таъсироти манфии худро гузоштааст. Зеро, гуфта мешавад, ду даҳсола пеш таълим як низоми комилро дар бар гирифта буд ва хонанда донишҳои заруриро дар ҳамбастагӣ фаро мегирифт. Ин аст, ки ба эътиқоди соҳибназарон, бо тафовут аз замони Шӯравӣ дониши хонандагон хеле поин рафтааст.
XS
SM
MD
LG