Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоли атфоли лӯлии аврупоӣ


Гузориши СММ, ки дирӯз ба нашр расид, мегӯяд, дар давлатҳои Аврупои ҷанубу Шарқӣ атфоли лӯлӣ маҷозан ғайри қобили мушоҳида ҳастанд, чунки бидуни ҳеҷ гуна санад, шиносномаи таваллуд ва ё мадорики тиббӣ ба сар мебаранд.

Бунёди атфоли СММ ЮНИСЕФ бо нашри ин гузориш ба беҳбудёбии сатҳи зиндагии атфоли лӯлӣ даъват мекунад. Гордон Александр, як масъули ЮНИСЕФ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд бо истифода аз нуфузи худ меъёрҳои масъулиятнокиро дар баробари сарнавишти ин атфол боло бубарад.

Дар гузориш омадааст, ки беш аз 40 дар сади кӯдакони лӯлӣ дар Албания, Руминия ва Булғористон аз мактаб дар канор мондаанд. Дар Босния ҳадди аксар 80 дар сади кӯдакони қавми лӯлӣ аз таҳсил бенасибанд.

Гузориш инчунин ҳокист, ки дар айни замон 10000 атфоли лӯлии дар Руминия ба дунёомада дар Олмон ба сар мебаранд ва хонаводаҳои онҳо бо сабабҳои амниятӣ наметавонанд ба хонаҳои худ баргарданд.

ЮНИСЕФ меафзояд, ки кӯдаконии муҳоҷири лӯлӣ дар Олмон дар аксар ҳолатҳо бо он сабаб ба мактаб намераванд, ки метарсанд хонаводаҳои онҳо аз қаламрави кишвар ихроҷ мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG