Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаҳрамонҳои шатранҷи Душанбе


Ин мусобиқа дар толори мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе тӯли нӯҳ рӯз идома кард. Устоди ФИДЕ Соиб Ҷӯраеви 17-сола бо касби 7,5 имтиёз аз нӯҳ дидор байни мардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Шатранҷбози пуртаҷриба Файзалӣ Нуралиев бо 7 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт. Сулаймон Оймаҳмадов, аз шаҳри Ваҳдат бо 6,5 имтиёз севум шуд.

Дар сабқати занони шатранҷбози Душанбе нӯҳ нафар ширкат доштанд. Варзишгари 16-сола Меҳрангез Раҳматова бо 7 имтиёз аз 8 дидор ҷоизаи аввали мусобиқаро ба даст овард. Саодат Одинаева, қаҳрамони собиқи шоҳмоти Тоҷикистон бо 6,5 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Марворид Насриддинова, қаҳрамони феълии шоҳмоти пойтахти кишвар байни ҷавонон дар сабқати бузургсолон бо 6 имтиёз ҷои севумро соҳиб шуд.

Шаш нафар беҳтарин шатранҷбозони сабқати шаҳрӣ барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон, ки моҳи апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG