Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд ба Тоҷикистон автобус дод


Ҳинд ба Тоҷикистон даҳ адад автобуси мусофиркаш тақдим кард.


Рӯзи гузашта маросими эътои автобусҳо, ки қимати умумиашон 360 ҳазор доллари амрикоӣ будааст, дар майдони Дӯстии пойтахт баргузор шуд.


Сафорати Ҳинд дар Душанбе гуфт, аз ин миён чаҳор автобус ба Хуҷанд, 3 ададаш ба Кӯлоб, дутоаш ба Хоруғ ва як адад ба вазорати корҳои хориҷӣ тақдим гардид.


Ҳукумати Ҳинд соли 2004 низ ба шаҳрдории Душанбе даҳ адад мусофиркаш тақдим карда буд.
XS
SM
MD
LG