Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад М. Ватанов: "Ман узви ҲХДТ нестам"


аввали апрели соли равон баргузор гардад. ки қарор аст

Ибтидо аз Муҳаммадалӣ Ватанов дар бораи нукоти аслии барномаи пеш аз интихоботиаш суол кардам ва сипас аз ӯ масоил ва мушкилотеро, ки ба мустақилияти низоми додгоҳии кишвар марбут аст, пурсидам ва инак посухҳои ӯ:

- Барномаи пеш аз интихоботии ман аз барномаи пеш аз интихоботии ҲХДТ ва аз барномаи пеш аз интихоботии президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар маъракаи интихоботи ахири президенти ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Пеш аз ҳама мо дар барномаи худ он нукотеро мавриди истифода қарор додаем, ки баҳри беҳбудии ҳаёти ҷомеа, баҳри солимгардонии вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо ин васила беҳтар кардани вазъияти ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам молу мулкии шаҳрвандони Тоҷикистон равона карда шудааст. Қайд карданиам, ки барномаи ман аз бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ иборат аст, ки дар бахши сиёсии он ҳифз ва такмилу таҳкими сохти конститутсионии Тоҷикистон, таҳкими ягонагӣ ва соҳибихтиёрии он, таъмини ҳокимияти қонун ва адолати судӣ дар ҷумҳурӣ, татбиқи стратегии санҷида ва асосноки зидди коррупсия, нашъаҷалобӣ, одамфурӯшӣ, ҷинояткории муташаккил, ҳамагуна зуҳуроти миллатгароӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ ва таҳкиму тақвияти ҳуқуқ ва озодиҳои демократӣ мансуб мебошад.
Дар бахши иқтисодӣ он бахшҳое пешбинӣ карда шудаанд, ки бевосита барои беҳтар кардани шароити зисту зиндагонии мардум, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва ба ҳамин васила беҳтар кардани шароити зиндагии мардум равона карда шудаанд. Аз ҷумла, таҳия ва такмили қонунгузориҳое, ки дар соҳаи соҳибкорӣ дастгирии бевоситаи давлатии соҳибкори хурду миёна, фаъолияти сармоягузориву рушди сектори истеҳсоливу хизматрасонӣ равона карда шудаанд. Таъмини бештари ашёи хом дар дохили кишвар, алалхусус маҳсулоти соҳаи агросаноатӣ, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани молҳои ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тобовар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва пайваста кам кардани сатҳи бекорӣ, дастгирии нерӯҳои зеҳнӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар, ҳимояи давлатии бепарасторон, ятимон ва нафақахӯрон ва ғайраҳо ҳисоб мешаванд.

- Шумо ба ҳайси як нафар додрас вориди парламент мешавед. Ҳоло ки ба ихтиёри додгоҳҳо додани иҷоза барои ҳабсу боздошт ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ меравад ва аз тарафи дигар дар бораи номустақилияти додгоҳ баҳсҳо меравад, шумо чун вакил шудед, дар ҳамин самт чӣ пешниҳодот доред, дар ҳамин мавриди мушаххас?

- Бояд қайд кунам, ки барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар паёми президенти мамлакат ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов соли 2006 ба Маҷлиси олии Тоҷикистон махсус дарҷ гардида буд. Дар ин паём махсус дарҷ гардида буд, ки сохторҳои суди олии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Тоҷикистон, Суди иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва дигар мақомоти марбута вазифадор карда шуда буданд, ки ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ барномаеро омода созанд. Бояд зикр кунам, ки чунин як барнома аз тарафи онҳо омода гаштааст ва бедастгирии ҳуқуқӣ, яъне беасоси қонунӣ ин барнома як амали хушку холӣ мешавад. Бинобар ин, дар сурати интихоб шуданам ба вакилии Маҷлиси намояндагон ман ҷиҳати қабули он қонунҳое, ки барои дар ҳаёт амалӣ намудани он ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ равона карда шудаанд, саҳми худро хоҳам гузошт.

- Манзур ин буд, ки оё Шумо талош хоҳед кард, ки мустақилияти додгоҳҳо бештар ҳифз шавад?

- Вақте, ки мо дар бораи додани рухсат барои ба ҳабс гирифтани як шахс сухан меронем, ин як ҷузъи ночизи қонуни мурофиавист, ки он бояд мавриди аз нав баррасӣ кардан қарор дода шавад. Бояд ёдовар шавам, ки қонуни мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон аз соли 1961 амал мекунад ва ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ қабул гардида буд. Ва бисёр нукта ва талаботи он дар шароити имрӯза кӯҳна шудаанд. Қабул кардани қонуни нави мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон на танҳо проблемаеро, ки шумо гуфтед, балки чандин проблемаҳои дигаре, ки онҳо боиси пайдо шудани ҳаргуна баҳсҳо мегарданд аз байн мебарад.

- Ин ҷо шумо аз Шӯрои адлия низ ёдоварӣ кардед. Оё ба назари шумо, таъинотӣ будани аъзои Шӯрои адлия ва раиси он ба истиқлолияти амали додгоҳҳо чӣ таъсире расонида метавонад ва оё имкон дорад, ки раис ва аъзои Шӯрои адлия интихобӣ бошад?

- Дар бораи Шӯрои адлия мо сухан ронда бояд қайд кунем, ки ин мақоме аст, ки вай танҳо ба фаъолияти ташкилии судҳо сарукор дорад. Пешбурди судяҳо ба вазифаи судягӣ таъин ва аз кор озод кардани онҳо аз ҷониби президент сурат мегирад. Аъзои Шӯрои адлия мутобиқи қонун ашхосе ҳастанд, ки онҳо вазифаҳои интихобиро ишғол мекунанд. Масалан, раиси Суди олии Тоҷикистон аз рӯи мансаб, раиси Суди олии иқтисоди Тоҷикистон, намояндаи порлумон. Ҳамаи инҳо шахсоне ҳастанд, ки дар мақомоти интихобӣ кор мекунанд ва дар Шӯрои адлия вазифаҳои худро дар асоси ҷамъиятӣ ба иҷро мерасонанд. Онҳо маошхӯри Шӯрои адлия нестанд. Бинобар ин қарорҳое, ки қабул мегарданд, онҳо аз тарафи маҳз ҳамин Шӯро қабул мегарданд ва нуқтаи асосиро бояд ёдовар шавам, ки дар қабул ва озод кардани судяҳо фармони президент мегузорад.

- Бархе аз коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки ҳам раиси Шӯрои адлия ва аъзои он ва ҳам раис, муовин ва низ додрасҳоро раиси ҷумҳурӣ таъин ва озод мекунад, мегӯянд, боиси вобастагии ҳокимияти додгоҳӣ ба ҳокимияти иҷроия мегардад. Шумо дар ин робита чӣ назар доред?

- Дар ҳар сурат, мо бояд дар назар дошта бошем, ки судяҳо бояд аз тарафи мақомоте ё ягон шахсе пешбарӣ карда шаванд. Ва агар мо чунин шуморем, ки пешбарии судя барои ишғоли мансаб дар оянда боиси вобастагии вай аз касе ё мақомоте мегардад, он гоҳ ба саволи кӣ бояд судяро пешбарӣ кунад, ҷавоб додан бениҳоят мушкил мебуд. Судя мутобиқи конститутсия комилан мустақил буда фақат ба қонун итоат мекунад. Судяе, ки ӯ ба қонун итоат мекунад, дар ҳеҷ маврид ба мақомоти дигар, дар таъсири мақомоти дигар нахоҳад монд, бовар ҳам намекунад ва чунин таъсиротро писанд ҳам намекунад.

- Бархе аз ҳуқуқшиносон ба ин ақидаанд, ки додситонӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо додгоҳ ҳуқуқ ва нуфузи қонунии бештар дорад. Барои мисол, додситон аз болои ҳукми додгоҳ эътироз меорад ва ҳукми додгоҳ аз амал боздошта мешавад, яъне додситон ҳукми додгоҳро таҳти суол қарор медиҳад. Яъне ин ҳам як нишонаи он дониста мешавад, ки ҳокимияти додгоҳӣ мустақил нест. Оё шумо дар ҳамин самт чун муддаии курсии порлумон ҳастед чизеро барои ислоҳи вазъ пешниҳод хоҳед кард?

- Он чи ки зикр кардед, ҳамаи он масоиле ҳастанд, ки пештар ман дар хусуси кӯҳна шудани нормаҳои қонуни мурофиавии ҷумҳурӣ сухан рондам ва таъкид кардам, ки бисёр меъёрҳои он ба талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳанд. Албатта, ҳамаи ин меъёрҳо дар Кодекси мурофиавии ҷиноии кӯҳна пешбинӣ гардида буданд ва ман боварӣ дорам, ки бо қабули қонуни нав ҳамаи ин суолҳо аз байн мераванд.

- Ин қонун ба назари Шумо кай қабул карда мешавад?

- Мушаххас инро ҳоло гуфтан барвақт аст. Зеро ман дар хусуси пешниҳод шудан ва ё нашудани лоиҳаи он маълумот надорам.

- Аз тарафи дигар ҳамин гуна баҳсҳо дар сари мавқеъ ва нақши адвокат ё вакилони дифоъ дар қонунгузории мо ҳам ҳаст. Дар қонунгузории мо нақш ва мақоми вакилони мудофеъ ба қавли коршиносон хеле камранг нишон дода шудааст, кори онҳо дар додгоҳ ба тавре, ки бояд дар баробари айбдоркунандаи давлатӣ ба инобат гирифта намешавад. Дар ин самт низ шумо ягон тағйиротеро ба қонунҳо пешбинӣ хоҳед кард ё дар назар доред?

- Ин савол низ бо қабули Қонуни нави мурофиавӣ ҷиноӣ аз байн меравад.

- Яъне дар бораи нақши адвокатҳо ҳам дар он қонун меъёрҳо вуҷуд доранд?

- Албатта. Адвокат ҳам ҳамчун иштирочии мурофиа дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҳуқуқҳои худро дорад ва қонун пешбинӣ мекунад, ки ӯ дорои кадом ҳуқуқҳо ҳаст. Дар кадом шароит ва бо кадом тарз метавонад дар мурофиаҳо иштирок кунад, дар рафти тафтишоти муқаддамотӣ ҳуқуқҳои ӯ нишон дода мешавад. Аз ҳамин лиҳоз ҳуқуқҳои ӯ низ муайян карда мешаванд ва беҳтар хоҳанд шуд.

- Чаро Шумо аз ҲХДТ ҳамчун номзад пешниҳод шудед?

- Ин ташаббуси ҲХДТ буд, вагарна ман узви ин ҳизб нестам. Вақте онҳо пешниҳод карданд ба ман, ки розигии худро барои номзадӣ барои вакили Маҷлиси Намояндагон шудан диҳам, ман сари ин масъала андеша кардам ва баъд ба хулосае омадам, ки таҷрибаи зиёда аз бистсолаи татбиқи қонун имрӯз ба ман имконият медиҳад, ки дар мақомоти қонунгузор кор кунам.

- Аксари аъзои ҲХДТ ва онҳое, ки аз номи ин ҳизб пешниҳод мешаванд, бештар аз номи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои таблиғи худ сӯиистифода мекунанд. Яъне, барномаҳои раиси ҷумҳурро, корҳои анҷомдодаи ӯро барои худ ва барои ташвиқи худ истифода мекунанд. Шумо дар ин робита чӣ гуфта метавонед?

- Бояд ёдовар шуд, ки раиси ҲХДТ президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ҳастанд. Бинобар ин он аъзои ин ҳизб, ки дар интихоботҳо иштирок мекунанд ва он дастовардҳое, ки бо роҳбарии президент ба даст оварда шудааст, ҳамаи инро марбут ба ҲХДТ медонанд ва ҳамчун узви ҳизб ҳуқуқи истифода бурдан аз ин имкониятро доранд.

- Назари Шумо ба он ки дар муқоиса бо дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ масалан додситонӣ дар додгоҳ ришваситонӣ бештар ошкор шудааст, чӣ аст?

- Агар ман инкор кунам, ки дар судҳо ин ҳолат ҷой надорад, дурӯғи маҳз мебуд. Ҳолатҳои ришваситонӣ аз ҷониби судҳо, қонуншиканӣ аз ҷониби судҳо дар ҳақиқат ҷой доранд. Ва мисоли равшани ин аз тарафи Суди олии Тоҷикистон дар давоми ҳамин чанд соли охир маҳкум шудани якчанд судяҳо мебошад, ки онҳо бо ҷурми ришаваситонӣ маҳбасӣ гаштаанд. Ин ҳолатро ҳеҷ кас инкор намекунад. Вақте, ки мо дар бораи якчанд ҳолатҳо гап мезанем, албатта ин айби калон аст. Вале ошкор шудани ин ҳолат ва маҳкум шудани онҳо баёнгари он аст, ки ҳокимияти додгоҳӣ ба роҳи дуруст меравад.

- Оё дуруст аст, ки нафароне, ки аз Душанбе вакили Маҷлиси намояндагон мешаванд, бо ризоияти шаҳрдорӣ интихоб мешаванд? Ҳамин гуна овозаҳо гирди номи шумо ҳам ҳаст, ки гӯё бо мувофақа бо раиси шаҳр пешбарии номзадии Шумо?

- Мутлақо нодуруст аст. Вақте ба ман кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо чунин дархост муроҷиат карданд, ман сари ин масъала аввал андеша кардам ва баъд ҷавоби мусбати худро додам. Дар ин сурат розигии ин ё он шахсони мансабдор дар ин хусус пурсида нашудааст.
XS
SM
MD
LG