Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қулов муддаъии баргузории интихоботи зудраси президентӣ шуд


Собиқ нахуствазири Қирғизистон Феликс Қулов гуфтааст гурӯҳи ахиран таъсисёфтаи мухолифини вай ҳадаф дорад дар кишвар интихоботи зудраси раёсатҷумҳуриро баргузор кунад. Ҳарчанд зимни сӯбҳат бо хабарнигорон дирӯз Қулов гуфт, ки онҳо талаби истеъфои Қурмонбек Боқиевро надоранд. Қулов инчунин гуфт,ки вай ният надорад соли 2010 замони хатми мӯҳлати раёсатҷумҳурии Боқиев дар интихобот иштирок кунад. Аммо вай ширкати худро дар интихоботи зудрас аз эҳтимол дур надонист. Вай инчунин қонуни асосии кишварашро,ки моҳи январи имсол ба тасвиб расид, зери суол бурд ва гуфт: "Ҳатто аксар вакилони маҷлис бандҳои қонуни навро нахондаанд ва тавре ҳаст ба он овоз доданд. Сарқонунро қабул карданд ва сокинони кишвар бо ҳамин нафаҳмиданд, ки сухан аз кадом бандҳо меравад. Бандҳои срақонун на дар парлумон ва на дар миёни аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифтанд. Ба ин тартиб, ин масъала рӯи об мехезад, ки кӣ гунаҳгор аст? Қонунмандии сарқонун зери суол аст"


Қулов гуфт афзудааст соҳибкорони маҳаллӣ, ки ҳизби ӯро маблағгузорӣ мекунанд, таҳти фишори раҳбарияти имрӯзаи кишвар қарор доранд. Баъди он ки парлумон ду маротиба номзадии Қуловро ба симати нахуствазирӣ напазируфт, вай моҳи гузашта ба ҳайати мухолифин пайваст.
XS
SM
MD
LG