Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон хостори тағйири наҳваи истифодаи захоири обӣ шуд


Энергетикҳои узбак хостори тағйири консепсияи истифода аз захоири рӯдҳои Ому ва Сир шудаанд. Бо ибтикори ҷониби Узбакистон ин рӯзҳо дар Алмато масоили консепсияи истифодаи пурмаҳсули захираҳои обию барқии минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи дарёҳои Аму ва Сир мавриди муҳокимаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии авруосиёӣ қарор гирифтааст. Ӯзбакистон дар ин нишаст пешниҳод кард, панҷ банди консепсия, ки тақсими захираҳои обию ҳидроэнержии минтақа дар ҳавзаи рӯдҳои Ому ва Сирро пешбинӣ мекунад, тағйир дода шавад. Аммо бо ин мавқеъ энергетикҳои Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқ нестанд, чун дар ин кишварҳо об ба мисли ашёи хом барои коркарди нируи барқ истифода мешавад ва маҳз аз ҷамъоварии он дар обанборҳо ҳаҷми тавлиди нируи барқ бастагӣ дорад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини аввали вазири энержию саноати кишвар Пӯлод Муҳиддинов раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG