Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э Раҳмонов бо Ли Тсзюн


Ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ли Тсзюн, ноиб - раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин (ЭКСИМ-бонк) масоили сармоягузории лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба баррасӣ гардид. Соли гузашта Эксимбонк барои сохтмони ду хатти таҳвили барқ ва таҷдиди роҳи мошингарди "Душанбе-Чанак" маблағ ихтисос дода буд. Ли Тсзюн гуфт, ЭКСИМ-бонк тасмим гирифтааст, лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшонро низ маблағгузорӣ кунад. Тибқи арзёбиҳои қаблӣ, лоиҳаи мазкур 260 миллион доллари амрикоӣ арзиш дошта, иқтидори солонаи он беш аз 530 миллион кВт/c барқ мебошад. Дар ҷараёни мулоқот Раҳмонов ва Тсзюан доир ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, роҳсозиву мухобирот низ табодули назар карданд.
XS
SM
MD
LG