Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нӯҳ доллар қарз бидеҳ ва зиндагии нафареро дигар бикун


Занфира Қаҳрамонова, паноҳандае аз Қаробоғи Кӯҳӣ аст, ки 18 сол боз дар як коргоҳи қолибофӣ кор кардааст. Ин бонуи 51- сола чанде пеш тасмим гирифтааст, ки ба худаш ба соҳибкорӣ оғоз кунад, то битавонад, барои таъмини ду фарзандаш пули кофӣ дошта бошад. Аммо ба ӯ 1200 доллар лозим аст, то ки мошинҳои бофандагӣ бихарад.

Муҳаммадсалим Муҳаммадраҳими 35 - сола ва сокини Афғонистон дар канори як роҳи пурмошини Кобул ангиштсанг мефурӯшад. Ӯ ба 625 доллар ниёз дорад, то барои тавсиа додани ин тиҷорати худ таҷҳизготи лозим бихарад.

Занфира ва Муҳаммадсалим танҳо ду нафар аз миёни ҳазорон соҳибкори хурд ҳастанд, ки тавассути сомонаи интернетии КИВА, як муассисаи амрикоӣ сармоягузор меҷӯянд. Ин муассиса миёни сармоягузорони хурд ва мардуми кишварҳои фақир, ки мехоҳанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд ва ё тиҷорати худро тавсиа бахшанд, иртибот барқарор мекунад. Созмони КИВА-ро, ки қароргоҳаш дар Сан Франсиско аст, соли 2005 -ум як ҷуфти ҷавон: иқтисоддон Ҷессика ва барномарези комютерҳо Мэтт таъсис додаанд. Ин ду нафар ҳангоми кор дар Африқои Шарқӣ ба мардуми фақири зиёде дучор омадаанд, ки барои раҳоӣ аз доми камбизоатӣ ба соҳибкорӣ машғул мешудаанд, аммо наметавонистаанд, ки аз бонкҳои маҳаллии худ қарз бигиранд.

Ҷессика ва Мэтт ба натиҷа расидаанд, ки шояд бисёре аз дӯстон ва аъзои хонаводаҳои онҳо хушҳол мешаванд, ки ба ин соҳибкорони фақир қарзи хурд бидиҳанд ва дар раҳоии онҳо аз камбизоатӣ кумак кунанд. Пас аз бозгашт, аз Африқо Ҷессика ва Мэтт КИВА-ро таъсис додаанд, ки калимаи суахилӣ буда маъниаш ваҳдат аст. Онҳо ҳамин гуна сармоягузоронро бо қарзгирандагон тавассути интернет ба ҳам меоранд.

Яке аз сармоягузорон Премал Шоҳ, президенти КИВА аст. Ӯ танҳо худаш ба 42 соҳибкор, аз ҷумла як зани чорвопарвар дар Озарбойҷон ва як моҳигир дар Мозамбик қарз додааст. Ӯ мегӯяд, қарздиҳанда будан ва бо як нафар ҳамчун ҳамкори тиҷоратии худ дар ин сайёра дар тамос будан эҳсоси аҷиб дорад. Ин фард идея дорад, ки шояд ба чорвопарварӣ машғул мешавад ва ё корхонаи хурди қолибофӣ мекушояд ва як миқдори ночизи сармояи шумо метавонад, муваффақияте дар кори ӯ ба бор орад.

Дар сомонаи интернетии КИВА, даблю даблю даблю кива орг достонҳои ҳазорон нафар соҳибкорони хурди фақир аз Африқову Осиёи Марказӣ, Аврупои Шарқиву Марказӣ ва Ховари Миёнаро метавон пайдо кард. Ҳар нафаре, ки ҳисоби бонкӣ ва ё корти пластикӣ дорад, метавонад, яке аз соҳибкоронро интихоб кунад ва ин сармоягузорон метавонанд ба онҳо аз 25 то ба 1500 ҳазор доллар қарз бидиҳанд.

Шиори КИВА "қарз барои тағйири зиндагӣ" аст ва дар зарфи камтар аз ду сол муроҷиакунандаҳои ин сомона беш аз як миллион доллар қарз гирифтаанд ва ба ду ҳазор навъи соҳибкорӣ ва ё тиҷорат машғул шудаанд.

КИВА барои тақсими қарз бо созмонҳои молии маҳаллӣ иртибот барқарор мекардааст, ки умдатан қарзҳои хурд медиҳанд. Ин созмонҳо масъулияти додани қарз ва гирифтани фоизҳои онро бар ӯҳда доштаанд. Дар Молдоваи фақир ҳамкори КИВА созмони Микроинвест будааст. Игор Гудумак, коргузори созмон мегӯяд, ки ҳадафи Микроинвест, ташвиқи соҳибкорӣ, афзудани имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардуми Молдова аст. Ӯ мегӯяд, ки дар симои масъулони созмони КИВА ҳамкорони олиро мебинад. Микроинвест бо нӯҳ дафтари худ дар манотиқи мухталифи Молдова ба 1600 нафар дар тиҷораташон кӯмак кардааст. Аксари онҳо мардуми русто будаанд, ки бо чорвопарварӣ, мурғпарварӣ машғул ҳастанд.

Дар Озарбойҷон КИВА бо муассисаи молии Нормикро ҳамкорӣ мекунад, ки созмони норвежист. Мудири иҷроияи Нормикро Боҳмин Асғаров мегӯяд, ки созмони онҳо то кунун ба 4 ҳазор 800 нафар дар ҳаҷми се миллион доллар қарз додааст. Ӯ мегӯяд, аксари мизоҷони мо мардуми муҳоҷири Қаробоғи Кӯҳӣ ҳастанд ва ҳамчунин паноҳандагон аз Арманистон ва дигар кишварҳои собиқи Шӯравӣ ҳастанд. Аксаран мардуми камбизоату осебпазир мебошанд. Онҳо қарзҳои моро барои оғоз ва ё рушди соҳибкории хусусӣ истифода мекунанд ва ҳамингуна вазъи зиндагиашонро беҳтар месозанду аз пойбандӣ ба кӯмакҳои башарӣ раҳо мешаванд.

Мизоҷони Нормикро асосан барои чорвопарварӣ, таъсиси дукони сабзиҷотфурӯшӣ, сартарошхона ва дигар навъҳои соҳибкорӣ қарз мегирифтаанд. Дар рустоҳо, ба гуфтаи Боҳмин Асғаров, соҳибкорон танҳо пас аз гирифтани қарзи дуввум манфиати молӣ ба даст меоранд.

Премал Шоҳ, президенти Кива мегӯяд, барқарор кардани иртибот миёни сармоягузорон ва соҳибкорони хурд тавассути интернет кори содда аст ва шояд чунин тарзи соҳибкорӣ ривоҷ пайдо кунад. Ҳоло, мегӯяд ӯ, афроди бисёре акнун медонанд, ки 25 доллар қарз додан ба касе ва тағйир додани зиндагии ӯ ба ҳамин роҳ мисли хариди билет барои консерте бисёр содда аст. Баъди баргардонидани қарзи сармоягузорони КИВА, онҳо метавонанд, пули бозгардонидашударо ба ҳамон соҳибкор дигарбора қарз диҳанд ва ё нафари дигареро интихоб кунанд. Ба гуфтаи масъулони КИВА, умдатан 85 дар сади қарздиҳандагон баъди бозпас гирифтани пулашон онро ба шахси дигар қарз медиҳанд.

Аз манфиатҳои қарзҳои хурд он аст, ки мардуми оддӣ чизе ба гарав намемонанд, тавре ки бонкҳои маъмулӣ дар ивази қарз хона ва ё моликияти дигаре ба гарав мегиранд. Қарзҳои хурдро дар беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардуми фақир он гуна муассир ҳисобидаанд, ки соли 2005 - ро Шӯрои иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милал соли қарзҳои хурд эълом карда буд. Ва соли 2006 ҷоизаи сулҳи Нобелро иқтисоддони бангладешӣ Муҳаммадюнус ва бонки ӯ Грамин Банк ба даст овард, ки бо додани қарзҳои хурде ҳатто қарзи 9 долларӣ зиндагиро дар рустоҳои ин кишвар тағйир додааст.
XS
SM
MD
LG