Пайвандҳои дастрасӣ

Се соли зиндон барои дуздии нигораҳои таърихӣ


СД

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Александр Кулемин, ходими илмии пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии кишварро ба муддат се сол аз озодӣ маҳрум кард.


Зебо Абдураҳмонова, раиси мурофиаи додгоҳ мегӯяд, Александр Кулемин барои рабудани ашёи бисёр нодир, ки арзиши баланди таърихӣ доранд, се сол дар зиндони низомаш пурзӯр бандӣ гардид.


Кулемин Александр ҳудуди 70 дона ашёи нодири таърихӣ ва нигораҳои бостониро аз маъхази пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониш дар моҳи апрели соли 2006 рабуда будааст. Ба иттилоъи хонум Абдураҳмонова, мавсуф имконияти фурӯши ин ашёро надоштааст. Александр Кулемин, барои ашёи дуздӣ аз тариқи Интернет ва почтаи барқӣ харидор меҷӯяд, вале дар симои тоҷирони эҳтимолии нигораҳо кормандони Кумитаи амниятӣ ҳозир шудаанд.


Ба иттилоъи раиси мурофиа, тамоми ашёи рабудаи Кулемин ба маъхази фарҳангии кишвар бозгардон шудааст. Ба иттилоъи коршиносон, ин нахустин баррасии парвандаи ҷиноии дуздии ашёи фарҳангӣ дар кишвар будааст.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
XS
SM
MD
LG