Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умедҳо ва ноумедиҳои сиёсиёни Бадахшон


Раиси бахши вилоятии ҲНИТ Неъмат Амонбеков мегӯяд, ки иқдоми мақомоти нави иҷроияи вилоят дар озодтар кардани фазои сиёсӣ чунин умедро дар дили онҳо ҷо кардааст. Вай гуфт, амали мақомоти иҷроияи қаблӣ дар тақаллуби натоиҷи интихобот ба ҳадди ифрот расида буд ва онҳо фикр намекунанд, ки мақомоти иҷроияи навтаъиншуда то ин дараҷа ба таҳрифкорӣ дар интихобот қодир бошад. Раиси ҲНИТ дар Бадахшон афзуд, ки фароҳам шудани имконоти нисбатан баробар дар сабқати интихоботии ояндаи порлумонӣ ба номзадҳо аз аҳзоби мухолиф шонси бештари пирӯз шуданро медиҳад.

Аммо раиси ҲСДТ дар Бадахшон Ҳалим Шерзамонов изҳор дошт, ки шеваи рафтори мақомоти навтаъиншуда дар Бадахшон дар муносибат бо интихобот ва таъини кадрҳо бар он далолат мекунад, ки онҳо дар амалӣ намудани аҳдофи хеш аз мақомоти қаблӣ низ фаротар қадам хоҳанд гузошт. Ӯ ба баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаҳои интихоботии вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ки дар онҳо руасои навтаъиншуда ба ҷои руасои вазифаро тарк намуда бе рақиб ба вакилӣ интихоб шуданд, ишора намуд. Ӯ мегӯяд, пас аз се сол ба вазъи боз ҳам бадтар рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Аммо ба фикри раиси ҲСДТ дар Бадахшон, таҳким ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамоҳанг сохтани амалкард дар пешбарии номзадҳо ба аҳзоби мухолиф имкон медиҳад, ки номзадашон ҳадди ақалл дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагон пирӯз шавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби коммунисти вилоят Хусрав Рақамов баён дошт, ки онҳо дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ бино ба мушкилоти молӣ номзади ҳизбиашонро пешбарӣ накарда буданд, аммо торафт ба сӯи нуқтаи фақр ғелидани ҷомеъа онҳоро ба ин фикр водор месозад, ки номзади ҳизбиашонро ба порлумони оянда дар минтақа пешбарӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки мардуми побанди мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ то ҳол ба умеди бунёди як ҷомеаи боадолати иҷтимоӣ ба сар мебарад ва ҳизби онҳо бояд чун ифодакунандаи ин аҳдоф аз чунин имконот истифода барад.

Вале раиси бахши вилоятии ҲХДТ Абдуласейн Худоиев дар вокуниш ба чунин мавқеъгирии аҳзоби мухолиф гуфт, ки 90 дарсади зиёиён узвияти ҲХДТ-ро пазируфтаанд ва номзадҳои онҳо дар ҳар ду ҳавзаи интихоботӣ ба порлумони оянда мушкилот нахоҳанд дошт.

Раиси бахши вилоятии ҲСДТ Ҳалим Шерзамонов афзуд, ки агар дар интихоботи ояндаи порлумонӣ низ мақомот ва комиссияҳои интихоботӣ ба тақаллубкорӣ даст зананд, ин чунин маъно хоҳад дошт, ки дар Тоҷикистон барои муборизаи сиёсӣ ва бошуурона ҷой нест.
XS
SM
MD
LG