Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши равуои бадахшониҳо ба Афғонистон


Ҳар ҳафта барои ворид шудан ба хоки Афғонистон ҳудуди 10 сокини вилояти Бадахшон раводид мегирифтаанд.


Консули Афғонистон дар Бадахшон Зоҳир Нуристонӣ ба хабаргузории «Помир-Медиа» гуфтааст, сокинони ин минтақа асосан бо мақсади мардикорӣ ва тиҷорат ба Афғонистон сафар мекунанд.


Ба гуфтаи ҷаноби Нуристонӣ, шумори хоҳишмандони дарёфти раводид дар ҳоле, ки сиёсатҳои ин ду кишвар оид ба муҳоҷират соддатар шавад, афзоиш хоҳад ёфт.


Ӯ мегӯяд, дар Афғонистон шароити кор ва дарёфти ҳақмузди муносиб ҳаст, аммо дар Тоҷикистон мутахассисони хуб, вале бекор зиёданд. Ҳоло шаҳрвандон барои раводиди якмоҳа 60 доллари амрикоӣ пардохт мекунанд.
XS
SM
MD
LG