Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алмаато барои муҷассамаҳо боғ бунёд мекунанд


Еркебулот Токмагамбетов, сарвари бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихии идораи фарҳанги шаҳр гуфт, ки ҳадаф аз бунёди чунин боғи вижа ҳифзи муҷассамаҳост. Ӯ гуфт, муҷассамаҳое, ки дар ҳоли харобшавӣ қарор доранд, ба ҷои амн бурда шуда дар он ҷо боғи ёдгориҳо бунёд мешавад ва бар пояи он истироҳатгоҳе ба вуҷуд меояд.

Ҷаноби Токмагамбетов мегӯяд, ҳоли ҳозир чунин ҷой боғи Сари Арка аст, ки дар канораи шаҳр ҷой гирифтааст. Алъон, ҳайкалҳои пешвоёни даврони Шӯравӣ Ленину Калининро, ки аз маркази шаҳр барчида буданд, дар ин боғ ҷой додаанд. Чанд рӯзе қабл ҳайкали Михаил Фрунзе - яке аз пешвоёни ҳарбии Шӯравиро, ки дар боғи марказии шаҳр ҷой дошт, низ ба назди ҳамсафонаш бурданд. Дар ҷои ҳайкали ҳамсафи Ленин ба боғ даромадгоҳ месозанд.

Вале алъон боғи Сари Арка ҳамчун боғи муҷассамаҳо тасдиқ нашуда будааст ва имкон дорад, чунин боғ дар дигар ҷои шаҳр бунёд гардад. Дар он сурат, пайкараҳои пешвоёни даврони Шӯравиро ба боғи нав интиқол хоҳанд дод.

Сарвари бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихии идораи фарҳанги шаҳр иброз дошт, ки чунин муҷассамаҳо дар дигар шаҳру деҳоти кишвар зиёданд ва барои мушаххас кардани тақдири минбаъдаи онҳо интизор меравад, Вазорати фарҳанг лоиҳаи қонунеро омода намояд.
XS
SM
MD
LG