Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми Рустам Долтабоев


Мирзо Маҳмадҷонов, ноиби раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, қисмати ниҳоии ин мусобиқа бо ширкати ҳашт даста дар ду гурӯҳ дар шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сурат гирифтааст. Вай афзуд: «Мутаассифона ғолиби сабқати минтақаи Хатлон - дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ҳамчунин беҳтарин тимҳои сабқати минтақаи Душанбе - «Хима», CSKA «Помир», «Энергетик» ва «Гвардия» аз ширкат дар қисмати ниҳоии мусобиқа даст кашиданд. Бинобар ин аз минтақаи Суғд шаш даста ва, ҳамчунин як тими хориҷӣ ба давраи ниҳоӣ роҳ дода шуданд. Бад-ин тартиб, ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Рустамбек»-и Истаравшан ва «Пахтакор»-и Ҷаббор Расулов ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Зарбдор»-и Исфара ва «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон дохиланд.»

Ду бозии даври аввал дар гурӯҳи «А» баргузор шуд. Тими «Парвоз» бар дастаи «Рустамбек» бо натиҷаи 4 бар 1 ва тими «Эсхата»-и Хуҷанд бар дастаи «Пахтакор» бо натиҷаи 6 бар 0 ғалаба карданд. Тимҳои "Эсхата" ва "Парвоз" дар ин гурӯҳ бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Рӯзи душанбеи 5 март даври аввали бозиҳо дар гурӯҳи «Б» барпо мешавад. Тими «Хуҷанд» бо дастаи «Жетису» ва тими «Вахш» бо дастаи «Зарбдор» рақобат мекунанд.

Барандаи Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ рӯзи 12 март муайян мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG