Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саакашвили: Интихоботи Абхазистон ғайриқонунист


XB

Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвили рӯзи якшанбе баргузории интихоботи парлумонӣ дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхазистонро ҳамчун як иқдоми қайриқонунӣ рад кард ва гуфт натоиҷи он пазируфта нахоҳад шуд. Раиси ҷумҳурии Гурҷистон зимни интиқод аз баргузории ин интихобот аз ҷумла гуфт:




"Шумори мардуме, ки аз Абхазистон берун карда шуданд, аз 400 то 500 ҳазор нафар аст. Аз ин хотир, ҳама кӯшишҳо барои ба расмият даровардани ин иқдоми ғайриқонунӣ ғайриқобили қабул, бемаврид буда, ҳеҷ гоҳ аз ҷониби Гурҷистон ва ҷомеаи байналмилалӣ эътироф нахоҳад шуд"





Интихоботи порлумонӣ дар минтақаи ҷудоихоҳи дирӯз доир шуд. Дар раъйдиҳие, ки аз сӯи ҳукумати расмии Гурҷистон эътироф намешавад, беш аз 10 ҳизб барои дарёфти курсии маҷлис мубориза бурданд. Қарор аст натиҷаҳои аввалияи интихобот имрӯз эълон шавад. Раиси ҷумҳурии ин минтақаи ҷудоихоҳ Сергей Багапш, баъди додани раъй дар шаҳри Сухуми гуфт, ки раъйдиҳии мазкур як бахше аз талоши мардум барои дастёбӣ ба истиқлолият аст.






Шурӯъ аз солҳои 1990-ум Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ, дигар минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, истиқлолияти худро эълон карданд. Аммо мустақилияти онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намекунад ва Тифлис талош дорад, дубора онҳоро таҳти назари худ дароварад.
XS
SM
MD
LG