Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои нав барои муҳоҷирони кории тоҷик


Бо омадани баҳор омодагии муҳоҷирини кории тоҷик ба муҳоҷират оғоз мешавад. Бо назардошти ин раванд намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Душанбе ду тарҳи навро дар бораи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои 2006-2008 муъаррефӣ кардааст. Дар гуфтугуе, ки бо Ҷон Мюрон -ҳамоҳангсози намояндагии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Душанбе доштам, аз вай хостам дар бораи ин тарҳҳо тавзеҳот диҳад.

Мюрон: "Мо як силсила тарҳҳои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷиратро муаррефӣ кардем. Ду тарҳ мустақиман ба масъалаҳои муҳоҷирати корӣ иртибот дорад. Яке иттилоърасонӣ ба муҳоҷирини корӣ ва дигарӣ ба идораи умури муҳоҷират ихтисос дорад, ки ҳамкорӣ бо ҳукумат ва аҳолиро дар бар мегирад. Иҷрои яке аз ин тарҳҳо оғоз шудааст ва он аз тарафи давлати Норвеж сармоягузорӣ мешавад. Умедворем иҷрои тарҳи дигар, яъне тарҳи минтақаӣ низ ба зудӣ оғоз шавад. Онро Кумиссюни Аврупо сармоягузорӣ мекунад.

Чунин ба назар мерасад, ки муҳоҷирати корӣ то ҳол аз барномаҳои муҳими давлати Тоҷикистон барои ояндаи наздик ба шумор меравад. То ҳол одамони зиёд дар хориҷ кор меҷуянд. Руссия кишвари аслист. Вале қонуни муҳоҷирати Руссия тағир кардааст. Барои мо ин масъала муҳим аст, ки якҷо бо ҳукумат муҳоҷирони кориро аз ин тағирот огаҳ созем, ки муҳоҷиринро чӣ тавр сабти ном кунанд ва онҳо муҳоҷири қонунӣ бошанд ва чӣ тавр онҳоро барои сафар ба он ҷо омода кунем".

Суол: Шумо фикр мекунед, ки бо ворид овардани тағирот дар сохтори вазоратҳо дар робита бо муҳоҷирати корӣ, қонунӣ кардани муҳоҷират ва ҳимоят аз ҳуқуғқи муҳоҷирини кории Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд, ба вижа баъд аз он ки қонуни муҳоҷирати Руссия тағир кардааст?


Ҷавоб: Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳоҷирати корӣ бархурди ҷиддӣ нишон медиҳад. Омили муҳим он аст, ки ҳадафи тағири сохторҳои марбут ба муҳоҷирати корӣ ҳамоҳангии фаъолият дар ин замина аст ва ҳоло мехоҳанд як кумиссюни ҳамоҳангсози вазоратҳои марбутаро дар умури муҳоҷирати корӣ созмон диҳанд. Мо дар заминаи идораи умури муҳоҷирати корӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунем.

Шумо дар бораи тағирот дар вазоратхонаҳо пурсидед. Мо саъй мекунем, бо назардошти таҷрубаи баъзе кишварҳо дар ин кор ба ҳукумат машварат диҳем. Мо ҳамчунин машварати коршиносони хориҷиро дар ихтиёри сохторҳои нав ва кумиссюни муштараки вазоратҳо мегузорем. Ба ин кумиссюн муовинони вазоратҳо дохил мешаванд ва ин кумиссюн фаъолияти созмонҳову ожонсиҳоеро ҳамоҳанг мекунад, ки фаъолияташон бо муҳоҷирати корӣ иртибот дорад".

Суол: Шумо гуфтед, ки дар Тоҷикистон аз кумаки мушовирони хориҷӣ дар умури муҳоҷирати корӣ истифода мекунед. Мушовирони чӣ кишварҳоеро дар назар доред?


Ҷавоб: Ман дар назар дорам, ки мо дунболи кишварҳое мегардем, ки содиркунандаи аслии нируи корӣ мебошанд. Масалан, кишварҳое мисли Филипин, Мексико ва кишварҳои дигари муштаракулманофеъ, ки дар муҳоҷирати корӣ таҷруба доранд".

Суол:Шумо фикр мекунед, ки танҳо Руссия ва Қазоқистон ҳастанд, ки тоҷикон метавонанд дар ҷустуҷуи кор ба он ҷойҳо раванд ё кишварҳои дигар ҳам ҳастанд?


Ҷавоб: "Бале, ҳамеша имкон ҳаст, ки ба кишварҳои дигар ҳам раванд. Ман ҳадс мезанам, ки сабаби интихоби кишварҳои муштаракулманофеъ ин аст, ки мардум ҳамеша дар ин густара рафту омад доштаанд. Имтиёзҳои забонӣ вуҷуд дорад, бештари муҳоҷирин русӣ суҳбат мекунанд. Агар русиро надонанд, сафар ба ин кишварҳо ҳам мушкил мешавад. Вале масъала ин аст, ки барои рафтан ба кишварҳои дигар бояд кори худро хуб балад бошӣ, забонро биомузӣ ва монанди он. Дар кишварҳои дигар ҳам ҷои кор ҷустуҷу мешавад".
XS
SM
MD
LG