Пайвандҳои дастрасӣ

Саъудия ва Эрон хушунатҳои байнимазҳабиро маҳкум карданд


Раҳбарони Арабистони Саъудӣ ва Эрон хушунатҳои байнимазҳабиро бузургтарин таҳдид ба ҷаҳони ислом номиданд ва эълон карданд, ки муштаракан бо ин падида мубориза хоҳанд кард.


Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар Риёз, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва подшоҳи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ ҳамчунин ба аҳамияти ваҳдати фаластиниҳо ва зарурати татбиқи барномаи амниятии ҳукумати Ироқ ҳамчун омили ҳифзи истиқлолият ва тамомияти Ироқ таъкид карданд.


Хабаргузории расмии Саъудия суханони Аҳмадинажодро нақл кардааст, ки гуфтааст, аз талошҳои Арабистони Саъудӣ дар ҳалли бӯҳрони сиёсии Лубнон пуштибонӣ мекунад. Дар изҳороте ки сомонаи интернетии раёсатҷумҳурии Эрон нашр кардааст, гуфта мешавад, Аҳмадинажод ҳамчунин Саъудияро ба густариши пайвандҳо дар тиҷорат, инержӣ, фарҳанг ва фиқҳ даъват кардааст.


Ин аввалин сафари расмии Аҳмадинажод ба Арабистони Саъудӣ буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG