Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди эътирозгарон бо полис дар Петербург


Зиёда аз се ҳазор тазоҳуркунанда дар Санкт Петербурги Русия сафи полисро шикаста дар маркази дуюумин калонтарин шаҳри Русия раҳпаймоӣ карданд. Эътирози онҳо бар зидди президети Русия Владимир Путин нигаронида шуда, онҳо шиъорҳои "Инқилоб! Русия бидуни Путин!" ва "Нест бод давлати ситамгар!" сар медоданд:


Дар ҷараёни задухӯрди полис ва намоишгарон даҳҳо тан маҷрӯҳ ва гурӯҳе аз тазоҳуркунандагон боздошт шудаанд. Аз ҷумла раиси ҳизби миллатгароёни ифротӣ Болшевикони миллӣ, Эдуард Лимонов дар миёни боздоштшудагон аст. Тазоҳуротро эътилофи оппозисюнии Русияи дигар бо нишони эътироз аз фишори мақомоти давлат дар маъракаи интихоботӣ ташкил карда, собиқ қаҳрамони шоҳмот Гаррӣ Каспаров ва сарвазири пешини Русия Михоил Касиянов дар шумори раҳбарони онанд. Онҳо Путинро айбдор мекунанд, ки дар ростои интихоботи президентии соли 2008 озодиҳои шаҳрвандиро дар Русия гулӯгир кардааст.
XS
SM
MD
LG