Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ баҳсро бо масъулони интихобот ба додгоҳ мекашад


шаҳри Душанбе

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ҳавзаи интихоботии ин ноҳияро барои напазируфтани намояндагони ин ҳизб дар ҳайати аъзои қитъаҳои райдиҳӣ ба додгоҳ кашидааст.
Воҳидхон Қосиддинов- раиси Ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагон гуфт комиссияи интихоботӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ягон нафар аз намояндагони ин ҳизбро дар ҳайати 45 қитъаи раъйдиҳӣ дар ин ҳавза қабул накардааст.







Оқои Қосиддинов гуфт бо ин амали худ комиссияи ҳавзавӣ аз ҳоло заминаҳоро барои пирӯзии рақиби номзади ҲНИТ ва баргузории як интихоботи ғайришаффоф ва ғайридемократӣ фароҳам кардааст. Раиси Ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон афзуд, ки мушкили напазируфтани намояндагони онҳо дар дигар манотиқи кишвар тақрибан, ки ҳал шудааст, аммо ин масъулони интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Душанбе ҳастанд, ки бо ҳар гуна далоил ва баҳонаҳои беасос намояндагони аҳзоби дигарро ба ҳайати қитъаҳои райдиҳӣ шомил намекунанд.








Воҳидхон Қосиддинов изофа кард,ки барои ворид кардани намояндагонашон ба ҳайати қитъаҳои райдиҳӣ онҳо аз ҳамагуна имконоти мумкин истифода кардаанд. Вай афзуд,ки ҳатто номаи КМИР ба масъулини ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ дар ин замина натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардааст. Ин дар ҳолест,ки Гулчеҳра Ғаниева- раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Фирдавсии пойтахт дар напазируфтани намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳайъати қитъаҳои райдиҳӣ ҳеҷ амали нақзи қонунро намебинад.






Хонум Ғаниева- мудири яке аз дабистонҳои пойтахт ва узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳизбе, ки дар ин марҳалаи интихоботӣ бо Ҳизби наҳзати исломӣ вориди рақобати интихоботӣ шудааст,таъкид кард, ки аъзои комиссияи ҳавзавӣ бар қабули тарафдорони ҲНИТ ба қитъаҳои раъйдиҳӣ посухи рад додаанд. Ва бар асоси Қонуни интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳиро комиссиюнҳои ҳавзавӣ ташкил мекунанд. Ва ӯ наметавонистааст, ки хилофи тасмими комиссияи ҳавзавӣ мустақилона иқдом кунад.







Дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов - роҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ирсоли нома ба комиссияи ҳавзавии Фирдавсии пойтахт аз сӯи ниҳоди марказиро тасдиқ кард. Вай гуфт ба манзури баргузории интихоботи шаффофу мунсифона ва риояту эътирофи гуногунандешӣ ҳузури тарафдорони аҳзоби сиёсӣ ба қитъаҳои райдиҳӣ дар ин нома тавсия шудааст. Аммо афзуд оқои Додоҷонов дар қонун ин маврид мушаххас таъкид нашудааст. Аз ин рӯ дар салоҳияти комиссияи ҳавзавист, ки онро бипазирад ё напазирад.






Аммо Ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ҳалли қазияи пешомада аз додгоҳ имдод талабидааст бо таваҷҷӯҳ бар ин нуктаи қонун,ки ташкили қитъаҳои райдиҳӣ дар салоҳияти комиссиюнҳои ҳавзавист, масъулини ҳавзаи интихоботии Душанберо бар якҷонибагароӣ ва номустақилӣ муттаҳам мекунанд.
Ба эътиқоди Абдуғаффори Камол коршиноси мустақили тоҷик натоиҷ ва таҷрибаи интихобтҳои ахир, аз ҷумла интихоботи порлумонии дар соли 2005 и сбот кардааст, ки масъулини интихоботии пойтахт ин маъракаҳоро ғайримунсифона баргузор мекунанд.







Оқои Камол ин нуктаро ёддовар шуд,ки чаҳор ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба шумули ҲДТ, ҲНИТ, ҲСДТ ва ҲКТ ҳамзамон бо эъломи натоиҷи интихоботи порлумонии ахири кишвар аз амалкарди масъулини интихоботии пойтахт шадидан изҳори нигаронӣ карда, такрори интихобот дар ҳавзаҳои Душанберо тақозо карда буданд.








Ба ин тартиб дар се ҳавзаи интихоботӣ дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси Намояндагон, ки қарор аст аввали апрели соли равон баргузор шавад танҳо ду ҳизб - халқӣ демократӣ, ки раёсати онро президент Раҳмонов ба ӯҳда дорад ва наҳзати исломӣ таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ - узви Маҷлиси Намояндагон ширкат хоҳанд кард. Дар ҳавзаи интихоботии Фирдавсии Душанбе аз ҲХДТ Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини пешини Раиси Додгоҳи Олӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ - муовини раиси ҲНИТ барои ишғоли курсии холишудаи Маҷлиси Намояндагон вориди корзорӣ интихоботӣ шудаанд. Аммо бар асоси қонуни интихоботи Маҷлиси намояндагон додгоҳ муваззаф аст, ки шикояти номзади интихоботӣ ва ё созмони сиёсиро дар давоми даҳ рӯз посух диҳад.
XS
SM
MD
LG