Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷон ва Гурҷистон: Бо Амрико гуфтушуниди ҳарбӣ надорем


Намояндагони Озарбойҷон ва Гурҷистон гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна гуфтушуниде миёни онҳо ва Иёлоти Муттаҳида дар бобати мустақар кардани бахше аз низоми дифоъи зиддимушакии Амрико дар ин кишварҳо сурат нагирифтааст. Изҳороти ду кишвар дар ҳоле садо дод, ки мудири Оҷонси дифоъи мушакии Иёлоти Муттаҳида, генерал лейтенант Ҳенрӣ Оберинг ду рӯз пеш эълон кард, кишвараш мехоҳад як родори зиддимушакиро дар Қафқоз ҷобаҷо кунад.


Бо изҳороти онки ҳеч гуна гуфтушунид дар миён нест, ноиби раиси кумиати дифоъ ва амнияти порлумони Гурҷистон Николоз Руруа мегӯяд, шахсан вай мехоҳад кишвараш ба мустақар кардани чунин пойгоҳи зиддимушакии Иёлоти Муттаҳида ризоият диҳад. Раҳбари оппозисюни Украина Юлия Тимошенко дар бораи айни мавзӯъ чунин гуфтааст: "Ҳар кишвар худ тасмим мегирад, ки чи низоми дифоъиеро дар қаламрави хеш ҷой диҳад. Ман дар бораи Украин гуфта метавонам, ки имрӯз ин масъала дар Украин баррасӣ нашудааст ва санади расмӣ ҳам дар ин бора мавҷуд нест. Санаде дар ин бора ба порлумон ворид нашудааст. Имрӯз Украин ҳақ надорад ва тасмими мустақилонаи дигар кишварҳо дар бораи сохтани низоми мудофиа дахолат кунад."


Иёлоти Муттаҳида то ҳол танҳо аз Ҷумҳурии Чек ва Лаҳистон расман хост, ба сохтани пойгоҳҳои зиддимушакӣ дар қаламрави худ ризоият диҳанд. Намояндаи расмии Вазорати дифоъи Тоҷикистон низ гуфтааст, дар кишвар дигар ҳеч гуна пойгоҳи ҳарбии мамолики хориҷӣ ҷой дода нахоҳад шуд. Манзури вай он буд, ки бо сабаби ширкати Ҳиндустон дар бозсозии фурудгоҳи Айнӣ дар матбуот хабарҳое дар бобати пойгоҳи эҳтимолии Ҳинд дар Тоҷикистон нашр шудаанд. Дар Тоҷикистон танҳо пойгоҳи ҳарбии Русия мавҷуд буда, нирӯҳои ҳавоии Фаронса фурудгоҳи Душанберо барои амалиёт дар Афғонистон истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG