Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Э Раҳмонов бо Николай Бордюжа


RD

Дар мулоқоти Николай Бордюжа дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ ва Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои амниятӣ, дурнамои фаъолияти ин паймон, авзоъи Афғонистон ва раванди иҷрои муқаррароти ин паймон аз ҷониби кишварҳои узви он баррасӣ шудааст.








Николай Бордюжа баъди анҷоми мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мавзеъи худ роҷеъ ба ин,ки ҳадаф аз истиқрори нирӯҳои зидди мушакии паймони Атлантики шимолӣ дар аврупои шарқӣ Созмони паймони амнияти дастаъмист,таъкид намуд: «Мо ахиран шоҳиди бо шитоби барқарорсозии сохторҳои НАТО дар кишварҳои узви ин паймон, ки давродаври кишварҳои узви СПАД ҷойгир ҳастанд,мебошем. Ман Аврупои шарқӣ ва Қафқозро дар назар дорам, ки ба суръат фурудгоҳҳо бозсозӣ мешавад, марказҳои таълимӣ сохта мешавад ва дастгоҳҳои радёбӣ насб мегардад. Ин кор бо ҳадаф ва мақсади хос анҷом мегирад".








Дабири кулли СПАД гуфт зимни мулоқотҳои худ бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва тақвияти ҳимояти марзҳо бо Афғонистонро низ баҳс кардааст. У афзуд дар чаҳорчуби барномаи кумитаи ҳамоҳангии ин созмон дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир ҳамкории ин созмон барои бори аввал бо кишварҳои минтақа, назири Покистон, Афғонистон ва Эрон, инчунин кишварҳои узви Паймони Атлантики шимолӣ низ сурат гирифтааст.






Аммо афзуд у мушкили интиқоли маводи мухаддир бо вуҷуди ҳама ин талошҳо ҳамчунон масъалаи нигаронкунада боқӣ мондааст. Николай Бордюжа ҳамчунин гуфт, ки ҳамагуна бархурди низомӣ бо Эрон авзоъи минтақаи ҳавзаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро низ бесубот хоҳад кард ва бештар аз он ба ҳалли мушкили барномаи ҳастаӣ кумак нахоҳад кард.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG