Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Девони кабири Мавлоно бо сириллик нашр мешавад


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон Девони кабири Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маъруфтар ба девони Шамси Табрезӣ дар ҳаҷми чаҳор китоб ва бо хатти сирилик нашр хоҳад шуд. Алии Муҳаммади Хуросонӣ, баргардонандаи китоб дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, китоби мазбур ҳамакнун таҳия шудааст ва дар арафаи чоп қарор дорад. Ҳамзамон Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ - сарпарасти нашр тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 800 солагии Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ дигар осори Мавлавиро низ бо расмулхатти сирилик нашр кунад. Дар ҳамин маврид Меҳмон Бахтӣ раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон гуфт ин созмон тасмим гирифтааст,дар арафаи таҷлил аз 800 солагии Мавлои Рум як маҳфили ширушаккар бо ширкати шуъарои ҳамзабонро дар Душанбе доир кунад. Осори Мавлавиро Баҳриддин Ализода ва Алии Муҳаммади Хуросонӣ - шарқшиносҳои маъруфи тоҷик ба расмулхатти сирилик баргардон кардаанд.
XS
SM
MD
LG