Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаъиёни унвони қаҳрамони шатранҷи Душанбе


Мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷи шаҳри Душанбе дар толори мактаби махсуси шоҳмот ҷараён дорад.

Баъди ҷамъбасти панҷ даври бозиҳо байни мардон шатранҷбози ҷавону моҳир Соиб Ҷӯраев бо чоруним имтиёз дар ҷои аввал аст. Дар байни занон пас аз чаҳор даври бозиҳо Меҳрангез Раҳматова бо чаҳор имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Қаҳрамонҳои шатранҷи шаҳри Душанбе рӯзи 5 март муайян хоҳанд шуд.

Кикбоксинг.Севумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи кикбоксинг дар шаҳри Душанбе шоми ҷумъаи 2 март ба анҷом расид. Ин мусобиқот бо ширкати варзишгарони ҳафт кишвари қора - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ, бахусус варзишгарони тоҷик Сиёвуш Шарифов, Исроил Зуҳуров, Диловар Абдураҳмонов, Азамат Умарзода ва Беҳрӯз Набиев маҳорати баланд нишон дода, мақоми аввалро касб карданд.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни кикбоксинги Осиё ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа як давраи омодагӣ ба сабқати ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.



Футбол. Тими МТТУ - Донишгоҳи байнулмилалии Туркманистону Туркия барандаи Ҷоми аввалин раиси ҷумҳури Туркманистон Сафармурод Ниёзов ва 20 ҳазор доллар гардид. МТТУ-и Ишқобод - қаҳрамони футболи Туркманистон дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи Олимпии пойтахти ин кишвар бар тими «Ишқобод» -и Ишқобод бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуд. Тими «Ишқобод» соҳиби 10 ҳазор доллар гардид. Ба дастаи дувуми «Ворскла»-и Полтаваи Укроин, ки барои ҷои севум тими «Ордабоси»-и Шимкенти Қазоқистонро аз рӯи пенолти бо натиҷаи 10 бар 9 мағлуб сохт, панҷ ҳазор доллар эҳдо шуд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG