Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати кори Тоҷикистон оҷонси нав таъсис додааст


Оҷонси вижаи таъмини иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки тоза дар назди Вазорати кори Тоҷикистон таъсис ёфт, бо ташкили 15 маркази омӯзишӣ дар қаламрави ин кишвар мехоҳад, мардуми тоҷикро барои мардикорӣ дар хориҷ ва ҳамзамон дохили кишвар омода кунад.


Ин оҷонс инчунин ба масоили таъмини иҷтимоию шуғли аҳолӣ сарукор мегирад.


Раҳбарии оҷонс ба дӯши муовини собиқи вазири кор Баҳриддин Раҷабов вогузор шуда ва дар ин сохтор қарор аст, беш аз 500 нафар ба кор оянд. Низомнома ва сохтори оҷонси нав дар ҷаласаи ахири ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд.
XS
SM
MD
LG