Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Саудӣ меравад


Тибқи гузоришҳо, раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод фардо шанбе, 3 март бо як сафари корӣ озими Арабистони Саудӣ хоҳад шуд.


Тибқи хабарҳо, вай бояд роҷеъ ба вазъи сиёсии минтақа бо мақомоти Саудӣ гуфтугӯҳо анҷом диҳад.


Сафари мазкур дар шароите баргузор мешавад, ки ҳанӯз ҳам бӯҳрони сиёсии Лубнон идома ёфта хушунатҳои қавмии Ироқ афзоиш меёбанд.


Аҳмадинажод, ки кишвараш бо Ғарбу Аврупо вориди баҳси барномаи ҳастаӣ мебошад, як сафари расмиро дар Саудия анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG