Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми бенатиҷаи музокироти энержии Тоҷикистону Узбакистон


Тибқи гузориши бахши ӯзбакии радиои Озодӣ, музокироти энержии миёни мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Тошканд бидуни натиҷа анҷомид.


Тоҷикистон мехоҳад иҷозати Тошкандро барои транзити барқи Туркманистон тавассути хоки Ӯзбакистон дарёфт кунад.


Туркманистон ҳафтаи ҷорӣ розӣ шуд, ки шурӯъ аз октябри оянда солона як миллиард киловат соат барқро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.


Феълан, ин кишвар бо мушкилоти шадид, аз ҳисоби барқи Қирғизистону Ӯзбакистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG