Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба тоҷикон дар канори Маскав


Бегаҳи рӯзи 28 феврал дар вилояти Маскав гурӯҳи ниқобпӯшон ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карданд. Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Максад Воҳидов ва Қудратулло Абдулхоҷаев ва сокини Узбакистон Умеда Ярашева аз тариқи қатор ба кори шабона мерафтанд. Дар истгоҳи Мамонтовская шаш ҷавони ниқобпӯш вориди қатор шуда Мақсад ва Қудратуллоро мавриди лату кӯб қарор доданд. Умеда Ярашева ба вагони дигар фирор кард ва аз он ҷо кормандони милисаро аз ҳодиса огаҳ сохт. Ӯ баъдан изҳор дошт, ки касе аз мардуми дар вагонбуда ба илтиҷову таваллои ӯ барои кумак ба ҳамсафаронаш таваҷҷуҳ накардааст. Ниқобпӯшон дар истгоҳи Клязма бидуни мушкил аз қатор берун шуданд.
Ба гуфтаи табибон, Қудратулло Абдулхоҷаев, ки ба баданаш чаҳор корд задаанд, баъди амалиёти ҷарроҳӣ худро беҳтар эҳсос мекунад. Вазъи Мақсад Воҳидов сангин арзёбӣ мешавад, зеро ниқобпӯшон ба баданаш шаш бор бо корд задаанд ва ӯ хуни зиёдро талаф додааст.
Кормандони ҳифзи тартибот ҳадс мезананд, ки ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи миллатгароёни рус сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш дар шаҳри Санкт Петербург афроди ношинос ба бадани Диловар Сафарбеков - сокини ноҳияи Хуросони Тоҷикистон шаш корд заданд. Гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба хотири наҷоти ӯ хун супурданд ва аммо табибон мегӯянд, ки вазъи Диловар чун пештара вазнин аст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG