Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон: рӯ ба рушноӣ?


Бунгоҳи хабарии Родиёи Озодӣ Брюс Паннер Бо гузашта ду ҳафта аз шурӯъи фаъолияти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар маснади раиси ҷумҳури Туркманистон, коршиносон ба аввалин падидаҳои ислоҳот дар ин кишвари замоне дарбаста ишора мекунанд.

Аз нигоҳи Ҷон Маклоад - дабири Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Лондон, ислоҳот ғайриинтизор сурат мегирад, зеро ягон неру раҳбари нави Туркманистонро барои ин иқдом таҳрик надодааст.
Ислоҳот дар бахши таълиму тадрис - аз аввалин мавзӯъе буд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯи он тамаркуз кард. Раиси ҷумҳур сохтори қаблии таҳсили даҳсола дар макотиби миёнаро дубора эҳё кард - раҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов таҳсил дар ин макотибро нӯҳ сол муқаррар карда буд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ислоҳот дар макотиби олиро ваъда дод ва гуфт, ки барои донишгоҳҳои кишвар беҳтарин устодону донишмандон аз кишварҳои гуногунро дар Ашқобод гирд меоварад. Эрика Дайлей - раиси барномаи марбут ба Туркманистони Пажуҳишгоҳи Ҷомеъаи Боз аз таваҷҷуҳи раиси ҷумҳур ба бахши таълиму тадрис истиқбол мекунад ва мегӯяд, ки дар ин самт ҳанӯз корҳои зиёде дар пешанд:

Мо шоҳиди он будем, ки дар самти эҳёи бахши маориф гомҳои мушаххас гузошта шуд, ки даврони Ниёзов бо амрҳои раисиҷумҳур дар вазъи фоҷиабор қарор гирифта буд. Ин, албатта, калиди татбиқи ваъдаҳост. Барои аз байн бурдани мушкилоти бахши маориф дасти қавӣ мебояд ва барои эҳёи хисороти воридшуда солҳои тулониву сангин зарур аст.

Ҷон Маклоад - дабири Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Лондон ишора ба он мекунад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои татбиқи дигар ваъдаҳояш низ гомҳо гузоштааст.

Ҷолиб он аст, ки ӯ ҳамчунин ваъда дод дастрасии мардум ба Интернетро таъмин мекунад. Ва ман мефаҳмам, ки чанд Интернет-кафеи таҳти идораи давлат аллакай боз шуданд ва чанде дигар тибқи ваъда боз хоҳад шуд

Туркманбошӣ ваё сарвари бузурги туркманҳо Сафармурод Ниёзов дастрасӣ ба иттилоъро маҳдуд карда буд ва Интернет дар кишвар фақат барои теъдоди на он қадар бузурги амалдорон дастрас буду халос. Ва аммо Эрика Дейлай аз ситоиши зиёди ифтитоҳи ду Интернет- кафе ҳушдор медиҳад ва мегӯяд, ки аз ин амал раиси ҷумҳур нафъ дидааст, на ҷомеъаи Туркманистон:

Ифтитоҳи ду Интернет-кафе дар пойтахт рамзӣ буд. Ва аммо ифтитоҳи онҳо тарғиб нашуд ва Интернет-кафеҳо аз мардум он қадар маблағе меситонанд, ки метавонанд баста шаванд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар барномаи пеш аз интихоботии худ ислоҳот дар бахши кишоварзиро низ ваъда дод. Ва аммо Ҷон Маклоад аз Пажуҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Лондон ҳадс мезанад, ки раҳбари нави Туркманистон бо ислоҳоти ҷузъии соҳа иктифо хоҳад кард ва ин ба ҳукумат имкон медиҳад барои таҳияи стротегияи дарозмуддат ва, ба истилоҳ, "тағйири чеҳра"- и кишвар дар хориҷ вақти бештар дар ихтиёр дошта бошад.
Коршиносон ҳамчунин ишора мекунанд, ки тайи ду ҳафта ҳукумати нави Туркманистон барои тағйири сиёсати беруна низ талошҳое бар харҷ дод. Ба гуфтаи Эрика Дайлей, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хостори беҳбуди равобит бо Чин ва, ғайриинтизор, таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамсояи ҷанубии худ Афғонистон шудааст:

Ба назар мерасад, ки Бердимуҳаммадов ба равобит бо Афғонистон бартарӣ медиҳад, ки интихоботи хело ҷолиб аст. Аз ҷумла, бо лағви қарзи онҳо. Ва дар сатҳи раисони ҷумҳуриҳо низ дар мавриди равобити дуҷониба мубодилаи афкори нарм иброз шуд

Таҳлилгарон мегӯянд, ки аввалин падидаҳои аз сӯи ҳукумат аз байн бурдани шиддати вазъият дар ҷомеъа низ ба чашм мерасад. Сомонаи интернетии гурӯҳи мухолифи мавсум ба "Ибтикори туркманҳо барои ҳуқуқи башар" хабар додааст, ки рӯзҳои ахир сафар аз Ашқобод бо маркази вилояти шимолии Тошҳавз хело осон шудааст. Шурӯъ аз охирҳои моҳи гузашта, ба тайиди ин гурӯҳ, дар масриди Ашқобод - Тошҳавз мусофирон фақат дар як постгоҳ тафтиш мешаванд. Қаблан то расидан бо ин минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон мусофирон чандин бор мавриди кофтукобу пурсуҷӯ қарор мегирифтанд. Ахиран расонаҳои Русия хабар доданд, ки шабакаи телевизионии Мираси Туркманистон ба пахши барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Русия шурӯъ кард.
XS
SM
MD
LG