Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон омодааст ба Тоҷикистон барқ бидиҳад


Туркманистон изҳори омодагӣ кардааст,ки ба Тоҷикистон солона ҳудуди як миллиард киловат соат нерӯи барқ содир кунад. Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» бо таъйиди ин хабар гуфтанд масъалаи интиқоли ин миқдор нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон дар музокироти масъулини энергетикии давлатҳои ҳарду давлат,ки дар Ишқобод - пойтахти Туркманистон баргузор гардид, ба таври мусбат ҳал шудааст. Ва интизор меравад аз тирамоҳи соли равон ин миқдор нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон содир шавад.






Рашид Гулов - муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт аммо ин муомила замоне сурат мегирад,ки Туркманистон хутути баландшиддати барқи худро бо шабака ё ҳалқаи воҳиди энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ бипайвандад. Зеро пас аз ихроҷи як ҷонибаи Туркманистон дар соли 2003 аз ин ҳалқаи энержӣ бештари пойгоҳ ва зеристгоҳҳои барқӣ дар қаламрави ин кишвар ва Узбакистон аз фаъолият бозмондаанд ва бидуни навсозӣ ва тармими онҳо содири нерӯи барқ ғайриимкон аст.





Рашид Гулов - муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» афзуд,ки ҳоло мақомоти энержии Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар садади ташкили гурӯҳҳои кории муштарак ҷиҳати омӯзиши вазъ дар пойгоҳҳо ва навсозии қисматҳои осебдидаи хутути баландшиддати барқ ҳастанд. Ҳамин манбаъ афзуд барои дубора фаъол сохтани ин иншоот маблағи зиёд тақозо намешавад, вале дар як фурсати кӯтоҳ низ ба анҷом нахоҳад расид.





Тоҷикистон то соли 2003 аз Туркманистон дар фасли сармо солона ҳудуди як миллиард киловатт соат нерӯи барқ бо нархи аз ду то се сенти амрикоӣ харидорӣ мекардааст. Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» гуфтанд, ки Туркманистон нархи фурӯши неруи барқ ба Тоҷикистонро бетағйир боқӣ гузоштааст. Ва мақомоти давлати Ӯзбакистон низ барои тронзити нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави худ мухолифат накардаанд.




Ба таъйиди масъулини энержии Тоҷикистон эҳтиёҷоти шабонарӯзии кишвар дар ҳоли ҳозир болиғ ба 20 миллион киловатт соат нерӯи барқ аст. Гуфта мешавад бо ба кор андохтани агрегати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда - 1» дар поёни соли ҷорӣ ва ду агрегати дигари ин нерӯгоҳ дар охири соли оянда талабот ба воридоти нерӯи барқ аз хориҷ коҳиш биёбад. Аммо ҳамин ҳоло Тоҷикистон аз Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар як шабонарӯз чизе камтар аз 12 миллион киловатт соат нерӯи барқ ворид мекунад, ки эҳтиёҷоти мардумро қонеъ намекунад.


Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG