Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати кикбоксинги Осиё


Бобоҷон Маҳмарасулов, раиси Федеросиюни кикбоксинги Осиё зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот, ки бо ширкати варзишгарони ҳафт кишвари қора - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст, тӯли ду рӯз идома хоҳад кард.

Ва як хабари тоза барои ҳаводорони шатранҷ. Бино ба иттилоъи Ёқуб Раҳимов, ноиби раиси Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон шатранҷбози 17-солаи тоҷик Соиб Ҷӯраев дар мусобиқоти байнулмилалии «Аэрофлот - OPEN» дар шаҳри Маскав дар сабқати гурӯҳи «В» дар нӯҳ бозӣ соҳиби шаш имтиёз гардида, аввалин бор меъёри устоди FIDE - Федеросиюни байнулмилалии шоҳмотро ба ҷо овард.

Ва хабари охирин. Имрӯз тими футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба Туркия сафар кард.
Қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ хубтар омода шудан ба мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар шаҳри Анталияи Туркия тӯли ду ҳафта тамрин карда, ҳамзамон чаҳор бозии байнулмилалии дӯстона анҷом медиҳад. «Регар» ТадАЗ рӯзи 3 март бо тими маъруфи Русия - «Рубин»-и Қазон, 6 март бо МТЗ- РИПО-и Белорус, 9 март бо «Терек»-и Грозний ва 13 март бо «Мордовия»-и Сарански Русия рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG