Пайвандҳои дастрасӣ

Бонувони Тоҷикистон


Ба номи худованди меҳрубон.
Ассалому алейкум.
Посух ба Фаромарз:

Ончи дар тафсири сураи Қурон гуфтаӣ, тамоман хатост. Манзурам ин порчааст: "(тарҷумаи мазмунан): ...як марди шоҳид бигиред ва агар мард набошад, ба ҷои у ду зан бояд шаҳодат бидиҳад, зеро агар яке таҳаттӣ кунад\ мунҳариф шавад, дигари уро ислоҳ хоҳад кард ё шояд ёдрас хоҳад кард".

Ин гуна нест, зеро дар Қурон як мард не, ду мард ворид шудааст. Ва чизи дигар ин ки як лафз дар забони арабӣ ба чанд маъно меояд ва ин ҷо лафзи "фа ин тазилла", ки онро ту ба маънои "хато ё мунҳариф шавад" гуфтаӣ, тарҷумаи хатост, зеро ин лафз ба маънои "фаромӯш кунад" меояд. Матни пурраи ояти Қуронро меорам, то ба ҳамагон маълум шавад, ки асли он чист. "Васташ ҳиду шаҳидайни мин риҷоликум фа ин лам якун раҷулайни фа раҷилун ва имраатони мимман тарзавна мин-аш-шуҳадои ин тазилла иҳдоҳумо фа тазаккира иҳдоҳумо ухгиро"(Сураи "Бақара", ояти шумораи 282). Дар ин ҷо эътибор бидиҳед ба ибораи "ин тазилла", ки онро Фаромарз бо хости худ тарҷума кардааст ва ҳарчи ки ба худаш даркор аст, навиштааст. Тарҷумаи дуруст ин аст: "Шумо ду мард шоҳид бигиред аз он касоне ки шумо ба онҳо бовар доред ва аз онҳо ризоед, ки яке агар фаромӯш кунад, дигаре онро ёдрас намояд."

Ман аз Фаромарз хоҳиш дорам, ки агар баҳс карданӣ бошад, дар бораи чунин мавзӯъҳо пас ин ҷо ҷоои баҳс нест. Беҳтараш ба сайтҳое ки махсус барои баҳс кардан вуҷуд доранд, он ҷо руҷӯъ кунад. Ва боз хоҳиш дорам, ки ба худ унвони "исломшиносе аз ҷангал"-ро соҳиб нашавад.

Бо эҳтиром
Абдулло
--------------------------------------
Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!

Ҷашни бонувонро барои ҳама модарону хоҳарону ҳамсарони беҳтаразҷону нестандарҷаҳон шодбош мегӯям ва аз Худованд хостори беҳрӯзиву хушбахтияшон ҳастам.
Бонувони гиромӣ! Аз шумо хоҳишмандам ки ба гуфтори мардон чандон гӯш надиҳед ва кирдорашонро нигоҳ кунед ки гуфтаанд "дусад гуфта чун ними кирдор нест".
Шоду хуррам бошед!

Ариярамна
--------------------------------------
Ассалому алейкум.
Имруз ҷомеаи мо ҳамин хел расм шуда мондааст, ки фақат дар даҳони ҳама зан. зан, зан
Барои чи мо, занҳо, фақат дар таги гап мемонем. Ин шармандагӣ дар назди мардҳо нест?
Ман мехоҳам, ки ҳар кас бо ҳаёти худаш зиндагӣ кунад. Чаро мо якдигаро танқид мекунему мардҳо ба ҳоли мо механданд.

Ҳар як зан бо ақли худаш кор кунад, имконияти ақли худро истифода бурданро натавонад ӯ бояд мо модар ё ин ки бо хоҳари худ маслиҳат кунад, на ин бо ҳамсояхову мардуми кӯча.

Дар давлатхои тараққк кардаи дунё ҳар як зан бо кори худ машғул мешавад на ин ки бо чаловию гапу калочаҳо, зани фалонӣ ин кардаст ваяш он кардаст гуфта хонаи як каси дигарро вайрон мекунем
Ҳар як зан ва на танҳо зан, балки мард ҳам дар тарбияи фарзандони худ бошанду гапҳои беҳударо партоянд.
Ман хурсандам ки имруз Тоҷикистони ман ин хел шукуфону зебо шуда истодаасту мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем.

Нигора аз шаҳри Хуҷанд
--------------------------------------
Ба Дабири Кабир ва дигарон:

1. Ин ки мегуед ман исломро сиёҳ мекунам, дуруст нест. Ончи ман дар мавриди ислом навиштам, на танхо ба ислом, балки ба ҳамаи адён ва фарҳангҳои гузашта ва суннатии имруза сидқ дорад. Манзури ман ин аст, ки ончи шумо дар бораи баробарии зану мард ё ҳуқуқи занон мегуед, инҳо чизҳои хеле тоза ва мудерн ҳастанд. Ин мафоҳим зодаи қарни бистанд. Пеш аз ин дар ҳеч дин ё идеулужие ҳуқуқ ва озодии онгуна, ки имруз мавозини байналмилалӣ муқаррар кардаанд, вуҷуд надошт. Ин ки ислом ё дин ва фарҳанги дигаре ҳуқуқро ба занон дода, далел намешавад бигуем, ки баробарии занон ва ҳуқуқи онҳоро онгуна, ки мо имруз дар қарордодҳои ҷаҳонӣ дорем, пеш аз ин, аз ҷумла дар ислом, вуҷуд доштааст. Дур намеравем, як нигоҳи гузаро ба адабиёти клосикии мо зиёд суханони нораво ва андешаҳои табъизомез ва носазо дар мавриди занро ошкор мекунад. Зеро ин адабиёт адабиёти мардона буда, бештари созандагон ва оварандагони он мард будаанд ва табиъист, ки эҳсосоти мардона, манофеъи мардонро бозтоб дода, хислати мардӣ ба худ гирифтааст. Ин ҳақиқат аст ва албатта дар қарни имруз ниёз ба таҷдиди назар дар ин адабиёт ва ин фарҳанг ва ин адён ҳаст. Ва аз бознигарӣ ва баҳсу барраси перомуни адабиёт, дин ва фарҳанге касе набояд ба хашм ояд. Хашм кори бетаҳаммулон ва ифротгароён аст. Ончи бисёре аз дустони мо мехоҳанд аз ислом ва чизҳои дигар шарҳ бидиҳанд, инхо зоидаи бинишҳои имрузист ва масалан, ҳеч фақеҳи исломи дар гузашта аз "ФЕМИНИСМИ ИСЛОМИ" сухане ба миён наёварда ва аслан чизе дар ин бора намедонист. Инхо кушишҳои касонест, ки имруз ба тавҷеҳ ва тавзеҳи дубораи аркон ва фармудаҳои дин пардохтаанд.

2. Дар мавриди "ЗАНОН ТАБИЪАТАН ДУРУҒГУ ҲАСТАНД", албатта дар Куръон омада, ки "(тарчумаи мазмунан: ...як марди шоҳид бигиред ва агар мард набошад, ба ҷои у ду зан бояд шаҳодат бидиҳад, зеро агар яке таҳаттӣ кунад\ мунҳариф шавад, дигари уро ислоҳ хоҳад кард ё шояд ёдрас хоҳад кард". Ончи ки Куръон мегуяд аз миёни ду зан яке шояд мунҳариф шавад, ё шояд хато кунад, пас ба ду зан ниёз доред, зеро зани дигари ун якеро ислоҳ хоҳад кард. Худ қазоват кунед, ки чаро дар мавриди мардон чунин намегуяд? Яъне аз назари ин китоб чунин вазъ, яъне хато кардан ё мунҳариф шудан, ки ғайр аз гуфтани рост аст, ва ба ҳамин далел мантиқан чуз дуруғ нест, танҳо хоси занон аст. Танҳо зан мумкин аст, ки хато кунад, ё мунҳариф шавад ё амдан дуруғ гуяд, ба ҳамин далел ба занон бовар нашояд кард ва беҳтар аст ду зан шаҳодат бидиҳад, чун агар яке таҳаттӣ ё тахаллуф ё хато ё иштибоҳ кунад ва аз гуфтани рост сар боз занад, ки дар он хол дуруғ аст, дигари ислоҳ хоҳад кард. Яъне дар мачмуъ назар ба зан қолабист ва дар мавриди ду ҷинс тафовут ҳаст ва ҳамин тафовут дар имкони хато кардан, аз роҳи рост сар боззадан аст. Яъне мантиқан занон ноқистар ва хатокортар ва мунҳарифтар ҳастанд. Ҳикмати ин навишта чунин аст. Ба ин далел иборати "аз назари ислом" мантиқитар ва дурусттар аст то ин ки "ислом мегуяд".

Фаромарз
--------------------------------------
Агар бигӯем, ки занони тоҷик ҳуқуқе надоранд, иштибоҳ мекунем. Чаро ки ҷомеаи мо ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст. Ҳуқуқи занонро риоя кардаанду рӯи коғаз бо ранг навиштаанд. Аммо дар ҳақиқат мебинем, ки ҳуқуқи занони мо аз ҳама ҷониб поймол шуда ва зани тоҷик ҳамеша зери зулму шиканҷа аст.

Мо мебинем, майдонҳои зиёде ҳаст, ки занон метавонанд, онҳоро ишғол кунанд. Монанди фарҳанг, маъориф, беҳдошту тандурустӣ ва риштаҳои дигар. Аммо ин на ба он маъност, ки занон бояд аз риштаҳои дигар хориҷ бошанд. Занон бояд дар саҳнаҳои сиёсату иқтисодиёт низ фаъол бошанд.

Б. Мусофир
--------------------------------------
Ба номи худо.

Риояти ҳуқуқи занон дар ҳар ҷомеа, чи исломӣ ва ё ғайриисломӣ як амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Чун занон ҳам монанди мардҳо инсонанд ва ҳар ҷомеа масол бар ҳифзи ҳуқуқи мардуми он ҷомеа мебошад. Ва ҷомеаи Тоҷикистон мо ҳам муваззаф ба иҷрои ин амр мебошад. Чун агар зан набуд мо ҳам набудем ва дар назар гирифтани мушкилоте ки дар замони ҳомилагӣ ва ҳамли фарзанд ва бузург кардани фарзанд мутаҳаммил мешавад ин амр барои мо равшан мешавад.

Танҳотарин
--------------------------------------
"Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд!"

Ин мисраҳо гуё ифодагари озодии занон буданд. Он замон воқеият бад буд ё хуб, ин суоли дигар аст, вале аз он "озодӣ" зан ба бозор, ба заҳмат, ба бесоҳибӣ, ба фахш расид. Бахусус дар замони истиқлол!
Ин ҳукм харчанд нисбист,вале мутаассифона, мутааллиқ ба дарсади ками занон нест.

Бозор
--------------------------------------
Ба номи худо.

Соат 2:55 шаб. Ман маъмулан вориди интернет мешавам дустдорам хамин бахшро аввал нигоҳ кунам ман намехостам вориди интернет шавам чун ин бахшро дуст дорам ворид шудам. Чашмам хурд ба навиштаҳои ғамангези беасоси Фромарз. Ин титрро диққат кунед:"ЗАНОН ТАБИЪАТАН ДУРУҒ мегуянд" Фаромарз куҷост инсофи шумо? ин дар ягон манобеи динии мо вучуд надорад. Худованд дар Куръон мефармояд: Эй касоне, ки имон овардед! Оё ин баробарии хуқуқи зан ва мардро намефахмонад яъне муъмин чи зан бошад чи мард. Паёмбар фармуд: Ҳаногом бахшиш фарзандонатонро баробар бидонед. Агар ман касеро бартари медодам заноноро бартари медодам.(Наҳҷулфасоҳа, Ҳадиси 3177. Фромарз оё ин Туҳамат ба Паёмбар нест?Кучост инсоф? сухан зиёд аст вале афсус.Ман медонам ин суханҳоро Фаромарз аз куҷо гирифтааст. Фақат ба касоне, ки муҳаққиқ ҳастанд ва забони арабиро хуб медонанд тавсия мекунам ин сайтро нигоҳ кунанд. Бибинед
http://www.investigateislam.com/womenarabic.html

Бо эҳтиром
Абдукарими Самад аз Душанбе
--------------------------------------
Бо салом.
Банда воқеан барои бародар Фаромарз ва амсолони ӯ мутаассуфам, ки ҳувияти худро фаромӯш карда, тарафдори андешаҳое шудаанд, ки бо афокри динии ӯ дар тазоданд. Агар иштибоҳ накунам, аз ҳарфи бародар Фаромарз пайдост, ки аз бародарони эронист. Аммо бояд хонандагони азиз мутааҷҷиб нашаванд, чун худованд ҳар киро бихоҳад ҳидоят мекунад ва ҳар киро бихоҳад гумроҳ.

Писари Нӯҳ, ки бо бадон нишаст
Хонадони нубуваташ гум шуд.
Саги асҳоби Каҳф рӯзе чанд
Пайи мардум гирифту мардум шуд.

Аммо дар радди суханони ин бародар ҳаминро мегӯям, ки магар Қурон нахондаӣ, чи гуна мардум қабл аз ислом духтаронашонро зиндабагӯр мекарданд? Магар ислом набуд, ки ин расму русуми ваҳшиёнаро доман барчид ва занонро озодӣ дод?

Як сухан ба хонандагони азизи кишварам Тоҷикистон мегӯям, ки ба ҳарфҳои чунин афрод аҳамият надиҳанд, ҳарчанд зимнан ҳар гуна интиқоди бодалелро мепазирам ва умедворам, ки аз суханони банда касе озурдахотир нашавад, бояд ҳақро гуфт, агарчанде талх бошад.

Алишо аз Душанбе
--------------------------------------
Салом ба ҳамаи Ҳамватанони азизу гиромӣ.
Аввалан ин иди пешомадаро ба ҳамаи занҳои дилпок ва дилсофи кишвар табрик мегӯям. Аз Расули худо ривоят шудааст, ки мегӯяд, Дугё шабеҳи чизҳост ва аз беҳтарин чизҳои дунё зани солеҳа аст. Торихи миллати тоҷик гувоҳи уламо, удабо ва нобиғаҳост, ки ҳамаи онҳо зодаи модарони тоҷик ҳастанд ва барои ҳамаи занҳои тоҷик хушбахтию саодатмандиро таманно дорам.

Бо эҳтиром
Озодбахш
--------------------------------------
Ҳангоме ки ҷашни зан фаро мерасад, хеле мадҳу сано ба гӯш мерасад, вале эй кош ин суханон ҷойи худро ба амал бидиҳанд. Аҳволи иҷтимоии занон дар кишвар он қадар асафбор аст, ки агар таҳқиқи ҷиддӣ анҷом гирад, баъд умқу ваҳшати ин бӯҳрон намоён мешавад. Он гоҳ огоҳ хоҳем шуд, ки зани тоҷик чӣ дардеро кашида истодааст. Инро таърих исбот кардааст, ки насли инсон ва ояндаи инсон аз зан ва модар вобастааст. Ва вақте ки зан дар чунин ҳол аст, чи ояндаеро барои ин ҷомеа метавон интизор буд. Ба умеди он ки мардуми мо рӯзе ба умқи ин масъала сарфаҳм раванд ва онро баррасӣ кунанд ва на бо сӯҳбатҳои носамимона ва азроҳрасидае...

Азиз
--------------------------------------
Салом ба ҳамаи мардуми тоҷик!
Ман гуфтаниям, ки аввало ҳамаи мо модарону хоҳаронамонро эҳтиром кунем ва боз бояд давлат низ онҳоро эҳтиром кунад. Чӣ хеле ки дар мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе духтарҳое ки румол мебанданд ва ё ҳиҷоб мекунанд, роҳ дода намешаванд. Лекин ин дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нест ва бояд онҳоро озод монанд.
Ва тамоми модарону хоҳаронро бо ин рӯзи 8 март табрик мекунам.

Алишер
--------------------------------------
Чавоб ба ФАРОМАРЗ!
Бояд моҳияти масъаларо умқан дарк кард.
Ҷомеаи мо расман ҷомеаи исломӣ нест ва табиист аксаран бонувони кишвар ҳарчанд мусалмонанд, вале мутаассифона пойбанди ислом нестанд. Аз ин нигоҳ чун "исломшиносе аз ҷангал" набояд вориди майдони баҳс шуд! Зеро чунин рафтор бемаврид аст.
Мантиқ: дар ҷомеаи шарқиёнаи мо мафҳуми зан ба мафҳуми покӣ ҳаммаъност. Ва ислом аз он ҷумла маҳз ин паҳлуи масъаларо беҳамто дар бар мегирад.
Агар ба касе покии зан маъқул нест,пас ихтиёр дорад...

Нӯшервони Одил
--------------------------------------
Ба номи худо.
Ростӣ, ин баҳсҳоро мутолиа карда, ба хулосае омадам, ки баъзеҳо ҳангоми баҳс аз мавзӯъ дур мераванд ва ҳатто дину оинро айбдор мекунанд. Ҳол он ки айб шояд дар худи мо бошад, на дар дину оину мазҳаб.
Масалан, Фаромарз ин ҷо аз мавзӯъ дур рафтааст. Охир ин ҷо фаҳмондан даркор аст, ки масъулияти зан дар назди ҷомеа чист ва ҳар айб ҳаст, онро аввало аз худи воқеъият бояд ҷуст.

Масъалае ки зан аз нигоҳи дин аврат аст ва аврат ба маънои шармгоҳ ва гӯё дин ба зан ба нигоҳи шаҳват менигарад, тамоман сухани бепоя аст. Аврат ба ин маънист, ки зан бояд сатр дошта бошад, то каромату бузургии худро нигаҳ дорад ва ҳар шавҳатпараст ба ӯ тамаъ накунад. Ба фикрам, Фаромарз сахт ба эҳсосот дода шудаанд, баракс имрӯз ҷомеаи демократӣ ба зан чунин нигоҳи шаҳвонӣ мекунад.

Масъалаи дигар ин Рӯзи иди занон аст. Дин зид нест, ки занон ид бикунанд, локин ин махсус ба рӯзе нест. Дин мехоҳад зан ҳар рӯз ид дошта бошад ва инро, мо мардон метавонем барои онҳо фароҳам оварем.

Бо арзи эҳтиром
як нафар тоҷикписар
--------------------------------------
Ассалому алейкум.
Тавре бародар Мӯҳсин гуфтанд, гапҳои ман ба он кас маъбқул нашуд ва ӯ маҷбур шудааст, боз нома занад, ба ман ҳам гапҳои ӯ маъқул нашуд ва маҷбур шудам, нома занам.

Дар хусуси ин ки ман дар хориҷам ва ба гумони ту ин шояд урдугоҳи Толибон бошад, ин маҳз гумони бедалел аст. Охир, тифл ҳам мефаҳмад, ки гумони ту асос надорад. Охир, бурун аз марзи Тоҷикистон хориҷ кам аст, банда аз ҳамон Толибон ки ту дар назар дорӣ садҳо бор аз онҳо безорам... ва дар хусуси ин ки бигзор тамоми занон хушбахт бошанд ман ҳам тарафдорам, локин ту, ба назарам, ба мавзӯъи матраҳшуда он қадар қазоват накардӣ. Зеро мазӯъ дар бораи зани тоҷик аст. Бино бар ин ман сухани худро таноҳ ба занони тоҷик мутаваҷҷеҳ сохтам. Аммо дар хусуси ин ки эҳтироми маро нисбат ба зан ва модар пазируфтаӣ ташаккур.

Нурулло
--------------------------------------
Ҷиҳати "ҳамандешӣ" бо Фаромарз!
Давоми мантиқии сухан: даъвои дигар - чаро ислом ба як мард чаҳор занро ҷоиз медонаду ба як зан чаҳор мардро не...
Магар ҷонибдори аз чунин даъвоҳо хиёнат ба модару хоҳару занони мо нест?
Ту напурсу ман нагӯям!

И. Сомонӣ
--------------------------------------
8-и мартро аз замони истеъмори рус дар кишвари мо ҷашн мегиранд. Аммо ин рӯзи озодӣ буд ё ғуломӣ, касе мутаваҷҷеҳ намешавад.

Далелҳои Фаромарз ғайриқаноатбахшанд.

1. Зан як инсон аст, худвоанд ӯро офаридааст ва аз ҳуқуқи ӯ дифоъ намудааст.
2. Зан як ҷисми латиф аст дар баробари мард ва тасаввур кунед, агар зани дар як ҳоли нимурён бубинед, чи эҳсосе мекунед? Ҳарчанд агар худат инро рад кунӣ, нафсат дигар чиз мегӯяд.
3. ҳаққи зану мард дар дини ислом баробар аст. Аммо барои қадру мерос ин ҳикматест, ки худо муайян кардааст.
4. Пеш аз ислом агар духтар таваллуд мешуд, ӯро зинда дар гӯр мекарданд. Ислом буд, ки гуфт, духтарро бояд эҳтиром ва тарбия кард.
Муфассирон мегӯянд, ҳазрати паёмбар дар бораи афроди дӯстдоштааш як бор падар гуфт ва се бор модар. Худ аз ин ҳарф хулоса барор.

Т. Камолзода
Риёз

--------------------------------------

Орзуе дорам...
Орзу дорам, ки модари тоҷики дар интизори фарзанди дур аз ватан, зудтар ба дидори ҷигарбандаш бирасад. Имруз, фардо, паспагоҳ, гумонам ин беҳтарини идҳост барои модар. Орзу дорам, ки зани тоҷик ҳеч гоҳ хориву зориро набинад, ва мо мардон ҳеч вақт хушунатро нисбати онон раво набинем.

Орзу дорам, ки бонуи тоҷик ба дарёфти мақоми баланд дар арсаҳои мухталиф муваффақ шавад. Модар, орзу дорам, ки 8 морс, на, ҳама руз ид дошта боши, дилат ғамро набинад, бипарварию бубинӣ натиҷаи коратро. Кош, модарҷон, маро мешунидӣ. Бо амри Аллоҳ, моро гузоштиву рафтӣ. Аммо решаи модарон ба нестиву нестӣ барноканданист. Ҳамаи модари тоҷик бароям модар аст! Модар, идат муборак! Бизӣ, бизиву бизӣ.

Шах
--------------------------------------
Дуруд бар Шумо,

Ман, ҳамчун фарзанди як зани тоҷик наметавонам бо андешаҳои шахсии Фаромарз, ки дӯсти наздики банда ҳам ҳаст, ризо бошам. Зеро ӯ нисбат ба он ки дар мавриди аҳволи зани тоҷик сухан кунад, бештар дини исломро сиёҳ ва дар ҳама бадбахтиҳои зани тоҷик ин динро гунаҳкор медонад. Новобаста аз гуфтаҳои ӯ ва ҳамақидаҳояш, дини ислом барои ҳама, аз ҷумлаи зану мард ҳаққи баробар додааст. Инро касе инкор ҳам карда наметавонад.
Аз он ки вазъи занони тоҷик феълан бад аст, ҳич касро, ҷуз худи онҳо, ҳукумати гузаштаи Шӯравӣ ва ҳукумати кунунӣ намешавад гунаҳкор донист. Тақрибан даҳ сол мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдани ҳуқуқи занҳои тоҷик ҷор мезанад, грант мегирад, кӯшиш мекунад. Аммо, ба назари ман, ҳанӯз ба натиҷае ноил нашудааст. Барои чӣ? То замоне, ки мушкили муҳоҷирони кории тоҷик ҳалли худро наёбад, ин мушкили ҳамешагии занони тоҷик боқӣ мемонад.

Вақте дар кӯчаву паскӯчаҳои Душанбе мебинам, ки чиноие ҳамроҳи духтари хушрӯйи тоҷик мегардад ва ҳатто гаҳ-гоҳе бо забони қабеҳи худ ӯро дашном медиҳад, хориам меояд. Аз бепулӣ ва муҳтоҷии сахти худ, бовар кунед, зани тоҷик гӯиё маҷбур шудааст, ки бо чунин мардони «пастсифат» муносибат кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ислом гуфтааст, Худованди бузург ризқи бандагони худро мерасонад. Ислом мефармояд, ки бояд бандагонаш ҳар сахтиро таҳаммул кунанд. Магар ин бад аст? Афсӯс, ки қисмати бештари занҳои мо аз бетаҳаммулии худ аз дину диёнати худ гузаштанд. Барои як пора нон исломро бо масеҳият иваз карданд.

Фаромарзи азиз. Агар дилат мехоҳад духтарони урёнро бубинӣ, ҳич проблем нест. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон комилан исломӣ нест ва шароитеро ҳам барои ту ва ту баринҳо муҳайё кардааст. Ҳар чи қадаре мехоҳӣ, бубин. Сер шав. Аммо нагӯй, ки ислом гунаҳкор аст.
Дар рӯзи иди занон, яъне модарону хоҳарону бибию очаву момоҳои мо шахсан барои модари азизам, ки аз ман дури дур аст, паём мефиристам. Ман ӯро фаромӯш накардаам. Ҳаққи ӯ ва хоҳаронамро ҳамчун писари калонии хона ҳифз мекунам. Намегузорам, ки онҳо хору зор бошанд.

Дабири Кабир, Душанбе
--------------------------------------
Фаромарзҷон!

Аҳсант ба илму ақлу идрокат, ба он ҷумлаҳои зебо ва ба он баёни шевоят.

Шукр ки дар миёни мо, тоҷикон, сафи ҷомеашиносон рӯ ба афзоиш аст. Дар шигифтам, ки чаро адёнро, ки ҳама бетардид арзишҳои зебоиву буланди инсонӣ ҳастанд, сахт ба боди танқид кашидаӣ. Агар аз адён хушат намеояд, ба ҳамаи онҳо пушт кун, вале хоҳиш мекунам, аз теззабонӣ ва ҳарфҳои оташин дар ҳаққи адён бипарҳез. Ояте дар Қурон ҳаст дар сураи Каҳф: "Ҳар кӣ хост, мусулмон шавад ва ҳар кӣ хост, кофир..." Пас шумо дар қабулу рад озод ҳастед, аммо дар дашному нафрин на. Эҳсосоти занҳое ки ба қавли шумо шахсияти инсонӣ доранд, бояд эҳтиром шаванд. Аз занҳои идеали худ бипурс, ҳатмӣ ба як дине мӯътақиданд. Адён ба дунё омадаанд, то инсон бисозанд ва сотсиоложӣ омаду ба курсии доварӣ нишаст. Чӣ мушкил коре ки адён мекунанд ва чи сода коре ки ҷомеашиносӣ мекунад...

Арасту аз Душанбе
--------------------------------------
Барои Абдулло:

http://www.secularhumanism.org/library/fi/warraq_17_4.html

Спендатҳата
--------------------------------------
Ба Абдулло:
Мешавад тавзеҳ бидиҳед, ки чаро бар асоси ислом вақте ки дар додгоҳ як шоҳиди мард кофист аз занон ду шоҳид талаб карда мешавад? Мешавад ба инҷониб, ки "ҳикмати исломро намефаҳмад" ин ҳикматро басароҳат бифаҳмонед? Дувум, дар мавриди хароҷоти мард, ҳамаи бадбахтии занон ҳам дар ин аст, ки мардони онҳо "пурхароҷот" ва ҳамин тур "хуронандаю пушонанда"-и занон ҳастанд. Тасаввур кунед, имруз бештари хонаводаҳои мусалмон бо такия ба ин ки духтарро шавҳараш мехуронаду мепушонад, ӯро аз хондану омухтан ва касбу пеша ёфтан, монеъ мешаванд. Дар натиҷа, духтаре, ки ба хурондану пушондани шавҳар як умр умедвор аст, пас аз чанд моҳи издивоҷ ба шавҳар писанд намеуфтад ва ҷудо мешавад. Пас сарнавишти духтаре, ки умедвори хурондану пушондани шавҳар буда ва ҳаргиз илм наомухта ва пеша ёд нагирифтааст, чи мешавад?

Бисёре аз чунин духтарон наметавонанд ба хонаи падару модар баргарданд, зеро нонхури зиёдатӣ мешаванд ва дар ҳоли марги волидон ҳам аз мерос маҳрум мешаванд, баночор бисёре аз чунин занон ба роҳҳои носавоб мераванд, ё бурда мешаванд ё гумроҳ мешаванд ва ғайраю ҳоказо. Ин худ нишон медиҳад, ки системи равобит бо зан дар ислом решаи бисёре аз бадбахтиҳост ва зулм бар зан як амри ниҳодинашуда аст. Бар хилофи ин, зан метавонад хушбахт бошад танҳо дар сурате ки истиқлоли комили ИҚТИСОДӢ дошта бошад. Яъне худаш худашро хуронад ва ба харҷи дигаре, аз ҷумла шавҳар, бародар ё падар ҳам ниёз надошта бошад. Ин нигариш ва биниш, ки нигариш ва бинише либерол (озодигароёна) аст, танҳо дар қарни 20 ба миён омад. Яъне зан ҳам даромад ва харҷ дорад ва харҷаш аз харҷи мард камтар нест!

Фаромарз
--------------------------------------
Ба номи худованди меҳрубон.
Аввало аз коркунони радиои Озодӣ ин саволро пешниҳод карданиям, ки чаро вақте касе дар бораи танқиди дини ислом дониставу надониста сухан меронад, онро комилан пахш мекунед ва ба дароз будани он эътибор намедиҳед, ҳол он ки шарт мондаед, ки сухан дароз набошад. Ин аз руи адолат нест.

Ва сониян хоҳиш мекунам, суханони маро пахш кунед. Он суханоне ки Фаромарз ин ҷо дар бораи озодии зан дар ислом гап заданд, он қадар бе тадқиқ аст, масалан, як суханаш, ки гуё аз нигоҳи ислом "ЗАНОН ТАБИЪАТАН ДУРУҒ" мегуянд, туҳмат аст, зеро дар ягон китоби динӣ, чи дар Қурон ва чи дар ҳадисҳои паёмбар ин хел гап ворид нашудааст. Ва гапи дигараш ин ҳаққи зан дар мерос аз ҳаққи мард камтар мебошад, аз ҳикмат дур мебошад, зеро Фаромарз ва у барин одамон аз ҳикматҳои шаръй огоҳ нестанд. Масалан, яке аз ҳикматҳои кам будани ҳаққи зан дар мерос он аст, ки аз мард дар рузгори ҳарруза матолиби зиёде ҳаст, масалан, хурондан, пушондан, аз хона таъмин кардани аҳли оила ва дигар чизҳое ки ба ҳама маълум аст... Локин аз зан ин чизҳо талаб карда намешаванд. Аз ин ру ҳикмат ҳаминро талаб мекунад, ки касе ки хароҷот бисёр дорад, бояд даромадаш зиёдтар бошад.

Ин чо боз дигар ҳикматҳое ҳам ҳастанд ва аз бародар Фаромарз хоҳиш мекунам, ки агар ҳақиқатталаб бошад, дар ин бора ба китобҳои исломии саҳеҳ руҷуъ кунад, на ба он китобҳое ки туҳмат ба ислом мекунанд ва ё ин адреси маро расонед, то мо баҳси худро идома диҳем -- (shamsik21@mail.ru)

Азбаски Майдони баҳс маҳдуд аст, бо ин суханамро ба хотима мерасонам.

Бо эҳтиром
Абдулло
--------------------------------------
Рӯзи занон танҳо 8-март метавонад бошад, ҳеч гуна Фотимаю Заҳрову дигару дигар символи озодии зан нест! Ончи дар мавриди адён, бахусус ислом гуфта мешавад, ки гуё ба занон озодӣ бахшида таблиғот асту бас. Ҳеч идеулужие чи динӣ ва чи фарҳангӣ то имруз ба зан ончи ҳаққи ҳалоли ӯ буд, надодааст. Бахусус адён ҳамагӣ сохта ва пардохтаи мардон ҳастанд ва манофеъ ва авотифу эҳсосот ва донишу куниши мардонро бозтоб медиҳанд ва ҳатто бисёре аз афкори ғалат ва ҷаҳолатомези мардонро тавҷеҳ мекунанд. Ислом ба вузуҳ занро ними мард, яъне нимаинсон медонад ва мегуяд зан саропо аврат аст, аврат ба маънии "шармгоҳ". Бинише ва гароише, ки дар зан на як шахсияти инсони, балки як пора шаҳватро мебинад, дар ҷомеъашиноси "сексизм" ва шахси пайрави ин бинишро сексист мегуянд, ки дар бисёре аз кишварҳо барои ибрози назари сексистона муҷозот муқаррар шудааст. Масалан агар шумо ба як зан "ту хеле зебо ҳастӣ" гуед, мутсакки ҷазо ҳастед, зеро шумо дар ӯ на як инсон ва ё шахсияти инсони, балки як пора шаҳватеро дидаед, ки иштиёқи шуморо бедор кардааст.

Ислом ҳамчунин дар мавриди занон стереотип, яъне калише ё қаволибе сохтааст, масалан, дар додгоҳ бояд ба ҷойи як шоҳиди мард ду шоҳиди зан ширкат кунад, зеро аз нигоҳи ислом "ЗАНОН ТАБИЪАТАН ДУРУҒ" мегуянд. Ин нисбат додани як хислати бад ба кулли занон аст ва калише аст. Ҳамчунин тимсоли зани порсо аз нигоҳи ислом "як зани фармонбардор, солеҳа, бе иҷозаи шавҳар ба ҷое намеравад бла.. бла..." аст, ки ин ҳам як навъ қолабсозии таҳмили бар зан аст. Ин қолабсозиҳои ғалат ҳамагӣ решаҳои падарсолорӣ доранд ва таърихан муҷиби фишор ва тазйиқ ва зулму ситам алайҳи занон шудаанд. Дар ислом як хоҳар нисбат ба бародараш камтар мерос мегирад, ин ҳам нишон медиҳад, ки назди волидони мусалмон кадом ҷинсе бартар маҳсуб мешавад. Аз ин гуна мисолҳо зиёд метавон овард, вале ҷойи сухан нест. Танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки ҳеч ниёзе ба тағйири 8-март нест, ин рӯз таърихан рузи муборизоти тулонӣ ва пайиҳами занон дар саросари ҷаҳон аст ва ҳар содалавҳе наметавонад ва ҳақ надорад рӯзи дилхоҳи худро бар занон таҳмил кунад.

Фаромарз
--------------------------------------
Бо салом
пеш аз ҳама тамомии бонувони кишварамро ба ин ид табрик гуфта ва барои онҳо тамоми хушбахтии дунё ва охиратро хоҳонам.Вазифаи ҷомеаи мо дар дар назди бонувони мӯҳтарам он аст ки аз ҳуқуқи онҳо дифо кунад ва барои онҳо дар ҷомеа мавқеиятҳои хуб барои таҳсил ва кор дар қонуни махсус ва қадрдонии онҳо саъй ва талош аст.

Аммо ман барои бонувони азиз саломати ва умри дароз пурбаракатро орзумандам ва умедворам, ки рузе шавад бо кумаки Илоҳӣ мо дар давлат сари вазифае бошем ва хидмати ҳамаи миллати шарифамонро карда бошам.
Саломат бошед.

Сайидҷон
--------------------------------------
Ба номи Худо.
Ба назари ман зан бояд озод бошад, аммо мутаacсифона дар кишвари мо зан ҳанӯз ҳаққи шаръии худро ба даст наёвардааст. Мутаассифона, донишмандони динии мо ба баёни ҳуққуқи зан напардохтаанд ё кам пардохтаанд..
Ман аз бародар Мӯҳсин хоҳиш мекунам, ки беҷо ба бародар Нуруллоҳ тавҳин накунад. Бародар Нуруллоҳ суханҳои хуб гуфтааст ва ҳеч тазоде бо дини ислом надорад ва ман тарафдори суханҳои бардар Нуруллоҳ аз хориҷ ҳастам ва ту ҳам бародар Мӯҳсин ҳақ надорӣ асабонӣ шавӣ.

Бо эҳтиром
Абдукарими Самад аз Душанбе
--------------------------------------
Маҷбур шудам, боз нома занам, зеро суханони Нурулло аз хориҷ (кадом хориҷ бошад, мабод урдугоҳи Толибон!!!) ба ман тамоман маъқул нашуд.

Охир, бародар, чаро бояд фақат зани мусулмон озор набинад? Чаро умуман ҳамаи занон дар ҷаҳон шоду хушбахт набошанд? Ин хел бошад, бинавис, ки бигзор занони суннии мусулмон озор набинанд, ба шиъаҳо фарқе надорад. Наход ҳамин мавқеъи босаломат бошад?

Мӯҳсин аз Душанбе
--------------------------------------
Бародарони азиз!!!

Он ки шумо ба муносибати Иди занон ҳам бонувони тоҷик ва либоси онҳоро танқид мекунед, худ баёнгари "эҳтиром"-и бузурги шумо ба занону хоҳарон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ҳар сухан ҷою мақоми худро дорад.

Дигар ин ки ин як иди байнулмилалист ва чаро бояд онро дар мисоли фақат ягон фикр маҳкам кард?

Сеюм ин ки агар модари тоҷик дар ин вазъу ҳол аст, бо гуноҳи кӣ?

Мӯҳсин аз Душанбе
--------------------------------------
Ассалому алейкум,
Ростӣ, он кас ба қадри зан намерасад, ки аз суханони худову паёмбар баҳра набурда бошад. Вақте ба Қурон назар меандозем, мебинем, худованд ба мо амр кардааст, ки модарро аз ҳама дида гиромитар дорем ва эҳтироми мо ба модар маънии эҳтиром ба ҳамаи занонро дорад. Паёмбар мефармояд, занро танҳо накӯён эҳтиром мекунанд ва нокасон хор. Бубинед, ислом занро чӣ қадар гиромӣ медорад.

Имрӯзҳо мешунавем, ки ҳуқуқи зан мегӯянд, лек модари бечораро ба берун, ба кӯчаву бозор, ба корхонаву дигар ҷойҳо кашида бароварда, ӯро азоб медиҳанд. Боз мегӯянд, ки зан озод аст. Оё озодӣ ҳамин аст, ки модар осуда нест, доим дар азобу кору шиканҷа аст?

Ба фикрам, ба занҳо хубтарин ҳадияи ман ва табрикоти ман ҳамин аст, ки онҳо аз ислом баҳра мебурданд, медонистанд, ки худованд ба онҳо чӣ қадар озодӣ додааст. Лек афсӯс, онҳо аз ин огаҳ нестанд.

Бигзор зани тоҷик, зани мусулмон озор набинад, худоё зани тоҷикро ҳидоят бикунӣ. Омин.

Нурулло аз хориҷ
--------------------------------------
Салом.
Оё ҳанӯзам вақти он нарасидааст, ки Рӯзи зан-модарро аз торихи 8-март ба рӯзи дигаре интиқол диҳем? Куҷо занҳои мо дар ин рӯз озодӣ доштаанд? На-на, балки аз ин торих ба баъд мисли канизон ва ғуломони ҳалқабагӯш зери истисмори низоми коммунистӣ қарор гирифтанд. Агар ин рӯзро "озодӣ" бигӯем, бояд ин калимаро ҳам бо у изофа карда бигӯем, "озодӣ аз ҳувият".

Аз ин ҷиҳат хуб мешуд, ин санаи муҳимро ба торихҳои муҳиме чун таваллуди ҳазрати Биби Фотимаю Заҳро (а) иваз намоем.

Банда ҳам тамоми хушиҳои зиндагиро ба модарон ва занони тоҷик хоҳонам.

Алишо, Душанбе
--------------------------------------
Додоҷони Атовуллоро зани тоҷик ба дунё овардааст;
Эмомалӣ Раҳмоновро зани тоҷик ба дунё овардааст;
Саййид Абдуллои Нуриро зани тоҷик ба дунё овардааст.....
Зиндаву ҷовид бошад зани тоҷик, ҳама мардуми олам аз зани тоҷик боз Исмоилу Рӯдакиву Сино ва фарзонатар аз номбурдаҳоро интизор дорад.

Марди Тоҷик
--------------------------------------
Салом.
Зани тоҷик якбора озодиро соҳиб шуд ва аз ҳад гузашт, яъне марзи ҳуввияти миллиро убур кард ва ин падида аввал дар аҳолии шаҳрнишин, баъд, имрӯзҳо ба деҳот сироят кардан дорад.
Ҳеч зани ҳинду ба чакан ё атласи тоҷикӣ ифтихор намекунад, аммо мутаассифона, аксари занони тоҷик ба муди либосҳои ҳинду ва кадом як мамолики Ғарб тақлид намуда, онро мепӯшанд ва дар амокини ҷамъиятӣ бо он ифтихор мекунанд.

Дар рӯзи ид ба занон гул ҳадя бояд кард ва бозгашт ба ҳуввияти миллиро ба онҳо таманно намуд!

Абдулло, шаҳри Душанбе
---------------------------------------
Ман ба ҳамаи бонувони тоҷик ба Иди 8 мартро табрик ва таҳният мегӯям. Барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам.

Зани тоҷик беҳтарини беҳтаринҳост.

RF
---------------------------------------
Зани тоҷик - зани машаққатдида ва пурбардошттарин занҳои ҷаҳон аст. Воқеан, симои зани тоҷикро имрӯз ба ҷуз аз хастагӣ, машаққат ва орази онҳоро ҷуз аз ожангҳои зиндагии вазнин тасаввур кардан мумкин аст. Зани тоҷикро мо мардҳо мардак барин азият медиҳем. Ба онҳо зиндагии сазовор фароҳам намеорем. Ба онҳо ба хотири фармудаҳояш ҳақоратборон менамояд.

Ман медонам, мардҳо ҳам имрӯз дар азобанд, то рӯзгори хешро пеш бубаранд, аммо бар ҳамаи ин мушкилиҳо мо бояд зани тоҷикро эҳтиром намоем, барои зиндагии хуби онҳо шароити мусоид фароҳам биоварем.
Ман ҳамчун марди тоҷик мардак барин Шумо занони тоҷикро бо айёми муборакатон таҳният мегӯям. Барои Шумо аз даргоҳи яздони пок хонаободӣ, сарсабзӣ, зиндагии хубу аълои тоҷикона таманно менамоям.

Бо эҳтиром Алишер
---------------------------------------
Аввало ба ҳамаи модарону хоҳарони тоҷик ин рӯзи сайидро табрик гуфта, ба онҳо хушбахтӣ ва хонаободӣ орзумандам. Чунончи, ин ид дар фасли баҳор аст, бигзор ки зани тоҷик мисли фасли баҳор ҳама вақт зебову ороста бошад!!!

Ман дақиқ намедонам, вале кадом шоире гуфтааст: Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо. Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо...

Ҳақ асту рост!
Саломат бошед.

Кӯлобӣ
----------------------------------------
Ман ба 21 даромадаам, вале то ҳол намефаҳмам мақсади дар 8-уми март табрик кардан, яъне чист? Барои чӣ? Аз он ки оё модарони мо зоданд, дар ҳоле дар водиҳо барои ғӯази пахта кор мекунанду дар Помиру Зарафшон барои пояи тамоку.

Духтаронро барои чӣ табрик кунам?
Магар роҳандозӣ намудани квота барои духтарони кӯҳистон нишони он нест, ки духтарон озод нестанд?

Танҳо барои САБРашон аст, ки заъифони тоҷикро табрик мегӯям.

Чизи ҳадия меккардагиям барои бонувон сухани хуш аст, боқӣ ҳеч.

Баҳман
--------------------------------------
Ман аввалан иди бонувонрро ба онҳо табрик мегӯям ва хушбахтиро барояшон орзумандам. на танҳо занони тоҷик, балки мардони тоҷик низ камгапанд ва сабабаш кам мутолиа кардану кам хондан аст. Ва занони тоҷик зеботарин занони ҷаҳон ҳастанд.

Исмоилиёни Қубодиёнӣ
--------------------------------------
Зани тоҷик аз ситамдидатарин занони ҷаҳон аст ва марди тоҷик аз ситамдидатарин шавҳару бародарони ҷаҳон.

Шояд ҳатто зану марди қабилаҳои азёдрафтаи Африқо ҳам аз мо дида хушбахттаранд.

Як рўз дар сол (8 март) мо ба ёд меорем, ки зану хоҳаре дорем.

Коши ин ҳақиқат ҳамеша дар зеҳни мо мемонд!

Фақат вазъи эҳтиром ба модар НИСБАТАН беҳтар аст.

Даврон
--------------------------------------
Асссалом шунавандагони гиромӣ!

Иди занонро ба тамоми занони тоҷик табрик намуда ва бурдбориро дар зиндагониашон орзу дорам. Зани тоҷик занест ки фарзандони пуртоқат ва шуҷоъеро таваллуд мекунад ва аз ҳама сифати болои мардуми тоҷик ин сабру тоқат аст ки боъиси ифтихори ман аст.

Бо эҳтиром
Тоҷикписар
--------------------------------------
Зани тоҷик камгаптарин? Ин, ба фикрам, хушомаде пеш аз Иди бонувон буд...

Ротен
---------------------------------------

Ман Иди бонувонро ба занони тоҷикро табрик мегӯям ва ба онҳо саломатӣ орзумандам.

Зани тоҷик аз ҳама камгаптарин зан дар олам. Агар хобаш барад умуман гап намезанад.

Шамсиддин, Норак
--------------------------------------
Ассалому алейкум.

Ман аввало Иди бонувонро ба ҳамаи бонувони тоҷик табрик мегӯям. Ба онҳо саломатӣ ва пирӯзиҳо орзу мекунам ва мегӯям, ки ба назари ман, вазъи бонувони тоҷик хуб аст.

Шамсик
--------------------------------------
Зани тоҷик беҳтарин зан дар ҷаҳон аст.

Акмал
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG