Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар шуморо аз хонаатон кӯчондан хоҳанд...


машваратгоҳи вижаи ҳуқуқӣ таъсис ёфт. ки иҷборан аз манзилҳои худ кӯч дода мешаванд Дар Душанбе барои сокиноне

Ин лоиҳа аз сӯйи Дафтари ҷумҳуриявии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва бо кӯмаки молии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бунёд шуда, марказ барои сокинони ба қавле ҷабрдида, маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Ба гуфтаи Қаҳрамон Сангинов, яке аз масъулини лоиҳа, вақтҳои ахир аз номи сокинони пойтахт оид ба иҷборан кӯч додани онҳо аз манозили зисташон шикоятҳои зиёд ба намояндагии САҲА ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ворид мешаванд.

Вай афзуд, сабабҳои аслии кӯч додани аҳолӣ хусусигардонии биноҳо, барҳам задани биноҳои садамавии манзилӣ ва сохтмони иншооти давлатӣ ба ҷойи онҳо мебошад.

Ҷаноби Сангинов мегӯяд, мутобиқ ба қонунгузории кишвар, дар ҳоли иҷборан кӯч додани сокинон аз манозили зист, давлат муваззаф аст, онҳоро бо манзилҳои дигари мувофиқ таъмин кунад.

Сар аз соли ҷорӣ ҳукумати Душанбе ба иҷрои тарҳи нави бозсозии пойтахт шурӯъ мекунад. Бар асоси ин генплан, Душанбе ба се ҳалқа ҷудо мешавад. Қарор аст, бинобар камии замин биноҳои якошёнаи маскунӣ бардошта шуда, ба ҷои онҳо иншооти дигар бунёд шаванд.

Биноан, интизор меравад, беш аз ҳазор манзили хусусӣ вайрон карда шавад.
XS
SM
MD
LG