Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли газ ва барқ ба аҳолии Суғд


Интиқоли нирӯи барқу гази табиӣ ба аҳолии ду-миллион-нафараи вилояти Суғд коҳиш ёфт.


Ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, маҳдудият дар интиқоли газ ба афзоиши қарзи аҳолии Суғд аз истифодаи ин навъи сӯзишворӣ, ки ба 18 миллион доллари амрикоӣ расидааст, иртибот дорад. «Суғдгаз» мегӯяд, ҳаҷми газе, ки ба Хуҷанд таҳвил меёбад, танҳо ба корхонаҳо ва ҳудуди 10 фисади аҳолӣ кифоят мекунад.


Ҳамзамон дар ин вилоят маҳдудиятҳои шадид дар интиқоли барқ ба аҳолӣ низ муқаррар шуд. Иншооти ҳаётан муҳим бемаҳдудият барқ мегиранд, аммо сокинони Хуҷанд танҳо се соат дар як рӯз барқ мебинанд.


Ҳамин ахиран дар Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвар низ тавзеъи нирӯи барқ коҳиш ёфт ва ширкати «Барқи тоҷик» иллати онро дар поин рафтани сатҳи об дар нирӯгоҳи Норак унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG