Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украинаро ҳоло ба Иттиҳодияи Аврупо қабул кардан намехоҳанд


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо феълан дар дастури кори ин ниҳод қарор надорад. Вай гуфт, ки баъди дар таърихи 1 январ ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо шомил шудани Руминияву Булғористон, ин ниҳод ҳанӯз барои тавсеаёбӣ омода нашудааст.


Изҳороти Меркел дар Берлин, дар як нишасти хабарӣ баъди музокирот бо нахуствазири Украина Виктор Янукович садо дод. Янукович эътироф кард, ки барои мутобиқ шудани Украина ба меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо Киев бояд кори зиёдеро ба анҷом расонад. Вай афзуд, ки ин ба маънои канор гузоштани Украина нест. Янукович гуфт, муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Украина ишораҳои боз будани дарҳои Иттиҳоди Аврупо ба рӯяшро дарёфтааст.


Меркел, ки кишвари вай раҳбарияти давраии Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад, гуфт, ки аз барномаи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратии миёни Иттиҳоди Аврупову Украина пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG