Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Эрон ва Сурия ба "дидори ҳамсоягон"


Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ гуфтааст, кишвараш "метавонад" дар мулоқоти ҳамсоягони Ироқ бо ширкати Амрико саҳм бигирад, "агар ин мулоқот ба нафъи Ироқ бошад." Сурия низ ширкати худро тасдиқ кард ва гуфта мешавад, аз номи ин кишвар дар мулоқот Аҳмад Арнус, ёвари вазири корҳои беруна ширкат хоҳад кард.


Ин баёнияҳо дар ҳоле садо доданд, ки Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс гуфтааст, андешаи мулоқоти миёни Амрико, Ироқ, Эрон ва Сурия ташаббуси сарвазири Ироқ Нурӣ Ал Маликист ва Иёлоти Муттаҳида аз он пуштибонӣ мекунад. Ба ин мулоқот ҳамчунин аъзои Лигаи кишварҳои араб ва панҷ узви доимии Шӯрои амният -- Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русия низ даъват шудаанд.



Райс афзуд, пайиҳам ду мулоқот барпо хоҳад шуд. Яке дар нимаи моҳи март ва дигаре нимаи аввали апрел. Ба мулоқоти дуввум бо ширкати вазирони умури хориҷӣ, ҳамчунин намояндагони қудратҳои пешрафтаи саноъатӣ ва ё ба истилоҳ Ҳаштгонаро низ даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG