Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро кишоварзии Тоҷикистон дар бунбаст аст?


Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Абдуваҳҳоб Воҳидов Пахтакорӣ аз бахши аслии сиёсати аграрии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва бар асоси маълумотҳои расмӣ, пахта яке аз тавлидоти аслии кишвар аст, ки барои ворид шудани асъор мусоидат мекунад. Аз сӯи дигар, пахта ба ҳайси як манбаъи таъмини буҷаи давлат низ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Аммо оморҳои расмӣ ҳокист, ки ҳосили пахта сол то сол рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Ва низ панбапарварони кишвар дар баробари сармоягузорон ҳудуди сесад миллион доллари амрикоӣ қарздор шудаанд. Чаро ин соҳа ба чунин ҳолати бӯҳронӣ мувоҷеҳ шудааст ва оё роҳи берунрафт аз он вуҷуд дорад? Ба ин суолҳо дар мусоҳибаи зер посух хоҳед ёфт.

Ба назари шумо, чаро дар ду соли ахир нақшаи пахтачинӣ иҷро намешавад? Оё нақша иҷронашаванда аст?

Таи чиҳил сол ман ба сифати мутахассис, сармутахассис ва роҳбари соҳа дар ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ кор кардаам. Имрӯз ба баъзе аз роҳбарони ноҳия, вилоят ва вазоратҳо дар бораи пахтакорӣ як гапи каме баландтар занед, онҳо касал мешаванд. Барои чӣ? Барои он ки вақте мо мутахассисин мегӯем, ки дар сӣ соли ахир , яъне дар солҳои ҳафтодум то навадум бештар аз ҳар гектар зиёда аз сӣ сентнерӣ ҳосил рӯёнда соли 1974 аз ҳар гектар бештар аз 33 сентнер, соли 1980 чизе камтар аз ин рақам ва дар даҳ сол бештар аз 900 ҳазор тонна пахта ва дар соли 1980 бештар аз як миллион ба давлат супорид гӯем, ин на барои он ки ба роҳбарони имрӯзаи соҳа хурдагириву луқмапартоӣ кардаем. Мо бо ин гуфтан мехоҳем, ки замин ва деҳқони Тоҷикистон барои ин гуна амал қодир ҳаст. Дар ҳамин соли 2006 ҳам воҳидҳои кишоварзие ҳастанд, ки аз ҳазорҳо гектар бештар аз сӣ сентнер ҳосил ба даст овардаанд. Ҳатто хоҷагиҳое ҳастанд, ки соли гузашта аз панҷоҳ сентнер ҳам зиёдтар ҳосил гирифтаанд. Иҷроиши нақшае, ки ҳоло барои ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, реалӣ аст. Он ягон мушкилӣ надорад. Дар урфи деҳқонӣ мақоле ҳаст, ки мегӯяд «Деҳқон мешавам гӯӣ, шудгор кун». Ба ақидаи манн, ҳоло дар қисмати ниҳоят андаки заминҳои кишти пахта шудгори тирамоҳӣ гузаронида мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар моҳҳои ноябр-декабр сармоягузорон воҳидҳои кишоварзиро бо миқддори зарурии сӯзишворӣ таъмин карда наметавонанд. Дуввум ин ки тухмҳои бесифат ва заҳролуднашуда истифода бурда мешавад. Барои иҷрои нақша 250-260 ҳазор гектар замини кишт кофист. Танҳо бояд корро дуруст ташкил кард.

Нақшае, ки иҷроиши он талаб мешавад, аз рӯи кадом меъёр муқаррар шудааст?

Меъёр аз рӯи ҳосили 22-23 сентнер ба ҳар гектар муқаррар шудааст. Аммо бояд на камтар аз 25 сентнер ҳосил рӯёнид то ки хоҷагиҳо қарздор намонанд. Сеюм. Мо бояд се маротиба дорудиҳиро ба ниҳоли пахта коҳиш надиҳем. Аммо мутаассифона дар давоми понздаҳ соли ахир мо ин қоидаро ягон бор риоят накардаем.

Дар ҳоли ҳозир, воҳидҳои кишоварзӣ аз сармоягузорон ҳудуди сесадмиллион доллар қарздор ҳастанд. Ба назари Шумо, чаро чунин ҳолат пеш омадаааст, ки кишоварзон ба ин миқдори бузург ба қарз ғӯтавар шудаанд?

Асосан баъд аз он ки системаи нав , яъне истифода аз хидмати сармоягузор дар соҳаи пахтапарварӣ ҷорӣ шуд, дар соли 1995, хоҷагиҳо мувоҷеҳ ба қарздорӣ шуданд. Барои он ки боз як ташкилоти «ёрирасон»-миёнарав ба соҳаи кишоварзӣ пайдо шуд. Сармоягузори ҳозира яъне кист? Сармоягузор маблағро қарз мегирад. Вай ба ҷои он ки ин маблағро ба ихтиёри хоҷагӣ қарор диҳад, худаш бевосита барои кишоварз тухмӣ , сӯзишворӣ , нурӣ ва қисмҳои эҳтиётиро оварда бо нархи барои худаш муфид медиҳад. Ҳарчанд ин нарх аз нархи ин маҳсулот дар бозор баландтар ҳам бошад, кишоварз маҷбур аст, ки онро бигирад. Ба ҷуз аз ин, дар солҳои 1995 то 1998-99 ба соҳи кишоварзӣ афроди ноогаҳ ва ғайримутахассис ба раҳбарияти ин соҳа омаданд. Корманди физкултура, муаллим , духтур, ки ин соҳаро намефаҳмиданд. Аммо онҳо медонистанд, ки роҳбарии онҳо панҷ-даҳсола неву як ё ду сола аст. Бинобар ин ба роҳҳои ғайриқонунӣ қадам заданд: пахтаро фурӯхтанд, иншоотро фурӯхтанд, техникаро фурӯхта хоҷагиҳои деҳқониро ба як ҳолати ногувор оварда расониданд. Яъне қарз худ ба худ ба сесад миллион доллар нарасидааст. Дар он солҳо ҳамин гуна афроди ноогаҳ, ки аз кӯчаи роҳбарӣ нагузашта роҳбарӣ мекарданд аз вазъият истифода бурда соҳаро ба ин ҳолат оварданд. Заводҳои пахтаро фурӯхтанд. Аммо чизи дигар ин ки то ҳамин акнун ҳам созишномаи миёни панбапарвар ва сармоягузор дуруст ва бо дарназардошти манофеи ҳарду тараф таҳия карда намешавад, вайрон карда мешавад. Ҳамин аст, ки давоми беш аз даҳ соли ахир бо ҳосилро ба 20 сентнер нарасонидаем. Аммо боз кишварзоне ҳастанд, ки воқиан заҳмат мекашанд. Барои мисол, соли гузашта раиси собиқи хоҷагии деҳқонии»Ирам»-и Конибодом, ки 24 сол раисӣ кардааст, ба нафақа баромад. Ба ӯ панҷ гектар замин ҷудо карданд. Аз ҳамон қисмати замин, ки он қадар ҳосилхез нест. Дар се гектари он ӯ пахтаи навъи маҳиннах кошт. Ӯ аз ҷайби худ 2000 доллар масраф карда аз ҳар гектар 53,5 сентнерӣ пахта рӯёнд. Ин ҳам бошад дар шароити Конибодом. Ҳол онки дар шафати ӯ дигарон 19 – 20 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Чаро чунин шуд. Зеро ӯ ҳам кишт, ҳам тухмӣ ва ҳам нуриҳои маъданиро тибқи меъёр истифода кард.

Ба назари шумо, оё 15-20 дирам баҳои як кило пахта , ки ба деҳқон дода мешавад қонеъкунанда ҳаст, зеро деҳқонон аз ин нарх ниҳоят норозианд?

Соли 2006 маоши миёнаи деҳқонон дар Тоҷикистон чил сомониро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки ин рақам барои дигар арсаҳои кор дар Тоҷикистон 111 сомониро ташкил додааст. Дар таърихи Шӯравӣ ман ёд надорам, ки музди миёнаи маоши деҳқон дар муқоиса бо дигарон аз ҷумла корманди соҳаи саноат якуним маротиба кам шуда бошад. Аз як гектари пахта дар соли гузашта 16,7 сентнер пахта рӯёнида шудааст. Оё бо чунин ҳосил даромад зиёд мешавад? Ҳоло худи пахтакор барои ба даст овардани ҳосили баланд ҳавасманд нест. Бинобар он онҳо фақат ба хотири ғӯзапоя гирифтан ба пахтакорӣ машғул мешаванд.

Гуфта мешавад, ки воҳидҳои кишоварзӣ барои пайдо кардани сармоягузор ё бастани қарордод бо сармоягузор мустақил нестанд. Ва барои онҳо сармоягузор таъин мешавад на ин ки онҳо мустақилона битавонад интихоб кунанд. Оё ин омил низ метавонад дар роҳи рушди парвариши пахта монеа бигзорад?

Воқеан, солҳои 1995-96 ҳамин хел буд. Вале ҳоло бо зиёд шудани шумораи сармоягузорон ин мушкил камтар шудааст. Аммо ин сармоягузорон, ки шумораашон аз сӣ бештар нест, ба пахтапарвар муносибати яксон надоранд дилашон намесӯзад ва аз ҳама асосиаш ин аст, ки онҳо миёнарав ҳастанд. Барои онҳо рӯёнидани пахта кори асосӣ нест. Онҳо ҳавасманди гардиши бештари пул ва гардиши маҳсулот ҳастанд. Аммо пахтакор, ки ба саҳро меравад вай пешакӣ медонад, ки қарздор аст. Бубинед, ки қариб сесад миллион доллар қарздор аст деҳқон, ки ин қарз ба ҳар як гектари пахта аз 1000 то 1200 доллар мерасад. Баъзе хоҷагиҳо барои гектар то 2000 доллар қарздоранд. Агар барои мисол бистсентнерӣ нахи пахта гирад ҳам ин аз 700 кило зиёд намешавад. Яъне ҳафтсад то ҳаштсад доллар, ки боз панҷсади дигар намерасад. Пас ӯ аз куҷо ин қарзро бигардонад ва чӣ тавр? Бинобар он барои омӯхтани паҳлуҳои мухталифи ин масъала як Комиссияи мустақил кор карда истодааст, ки ҳар як ноҳия ва вилоятро ҳисобу китоб мекунад.

Ба замми он ки деҳқон ҳеҷ гуна ҳавасманд намешавад барои иҷро накардани нақша аз сӯи сармоягузор ҷарима карда мешавад. Ва гуфта мешавад, баҳраи ин ҷаримаҳо, ки сол то сол зиёдтар мешавад як қисми калони ҳамон маблағи қарзи сесадмиллиондоллариро ташкил медодааст. Оё ҳамин ҳарфҳо воқеият дорад?

Яке аз қисматҳои калонтарини қарзи зикршудаи пахтапарварон ин аз ҳисоби фоизи қарзҳои пешина дар соли 1995 то 2006 ёздаҳ соли охир, ки пурра супорида нашудааст, яъне фоизи бонкӣ мебошад. Ин масъаларо Комиссияи мустақил баррасӣ дорад ва то эълони натоиҷи кори он чизе гуфта намешавад .Чунки на ҳама вақт шартномаи байнаи пахтакору сармоягузорро ба ҳама нишон медиҳанд. Ин комиссия бо супориши мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов –президенти Тоҷикистон кор карда истодааст ва фақат ба онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро нишон медиҳанд. Ба ақидаи ман қисмати зиёди ин маблағи қарз фоизи ҳамон қарзҳоест, ки хоҷагиҳо амалан тавони бозгардони онро надоранд. Ин ҷо чанд мушкилот ҳаст. Дар ин ҷо бояд давлат мустақим роҳбарӣ кунад. Гарчанде баъзеҳо роҳбарони ноҳяиҳо ҳатто вазирҳо мегӯянд, ки давлат алоҳида асту соҳаи пахтакорӣ алоҳида. Не ин тавр нест. Чанд соли пеш дар Амрико будам. Бо роҳбарону масъулони соҳаи кишоварзии ин кишвар вохӯриҳо доштам. Онҳо ҳикоя карданд, ки ҳар сол дар Амрико, як кишвари тараққикарда ба соҳаи кишоварзӣ аз тарафи давлат аз тарафи бонкҳои хусуси дотасия ва қарзҳои боимтиёз дода мешавад. Албатта, дар Амрико интизом дигар хел аст. Қарзро гирифта гурехта намераванд. Соҳаи кишоварзиро бе ёрдами давлатӣ пеш бурдан амри маҳол аст.

Замини Тоҷикистон сесадмиллион доллар дар назди сармоягузорон қарздор шудааст. Аммо баръакс мегӯянд коршиносон ширкатҳои асосии сармоягузор, барои мисол дар Хуҷанду Қӯрғонтеппа аз қабили «Исмоили Сомонӣ-асри 21» ё «Хима», ки ба тиҷорати пахта машғуланд, сарватманданд. Пас, кишоварз чигуна ва чаро бовар бикунад, ки ӯ қарздор аст вале ширкат сармояи зиёд дорад, ҳатто бархеашон тимҳои варзиширо сармоягузорӣ мекунанд. Инро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед ба ҳайси як мутахассис?

Ин бисёр ҳисобу китоби мушкил аст. Мушкилӣ дар он аст, ки то он рӯзе, ки сармоягузор бо фикру ақидаи деҳқон якҷоя кор намекунад, кори мо дар ин соҳа пеш намеравад.

Иқтисодшиносҳо бар ин назаранд, ки он ширкатҳои сармогузорӣ, ки ба соҳаи пахтакории мо маблағ медиҳанд бо ин ё он восита аз тарафи баъзе шахсоне, ки дар мақомот масъулият доранд, пуштибонӣ мешаванд ва онҳо бо истифода аз ҳамин пуштибонӣ ин соҳаро ба мушкил рӯбарӯ кардаанд.

Азбаски, ин ақидаи бисёр вазнин аст, яъне гӯё ҳама медонаду ҳамзамон ҳеҷ кас намедонад, хуб мебуд, ки дар ин бора роҳбарони ноҳияҳо, вилоятҳо, вазоратҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният сахт кор мебурданд. Ҳоло дар ин мавзӯъ чизе гуфтан он қадар ҷоиз нест. Чунки комиссияи мустақили тафтиши қарзҳои пахтакорӣ, ки бо сардории Эмомалӣ Шарифович аз як сол ба ин тараф кор карда истодааст. Ин комисия ба ягон ниҳод тобеъ нест ва онҳо бояд чунон тафтиш гузаронад, ки бо далоил ва арқом собит созад.

Ба назари шумо, роҳи халосӣ дар куҷост? Замин ва деҳқони қарздори тоҷик ин миқдори маблағро чӣ гуна бояд бозгардонад?

Фақат ман ба давлат муроҷиат мекунам. Чунки агар имрӯз мо мушкилоти фоизгардонии пахтакорро камтар накунем, солона аз 25 то 40 миллион доллар ба қарзи мавҷуда ва бар сари пахтакор боз фоиз замм хоҳад шуд. Фоизи қарз. Пеши ин корро гирифтан лозим. Деҳқон бояд фаҳмад, ки аз ҳамин сол сар карда барои тахминан як панҷ соли баъдӣ ба хотири рушди соҳа аз бозгардони фоизи қарз озод шудааст. Ба ғайр аз ин, бояд ба як шакле ин қарзро ҳисобу китоб карда механизми боздеҳашро пайдо кард, ки деҳқон барои дар соли оянда кор кардан низ ҳавасманд бошад, на рӯҳафтода. Бо ин маош кӣ кор мекунад. Ҳозир як ба заминҳои пахтакорӣ нигаред, ки нерӯи корӣ дар онҷо киҳоянд:- ё пиронсолҳои 70-80-90 сола ё духтарону писарони синни мактабӣ. Мо солҳои пеш, мегуфтем, ки агар лозим шавад, заминро Шумо гуфта кор фармоед.
XS
SM
MD
LG