Пайвандҳои дастрасӣ

Пули мактабиён


Ба назари ман ин қарори шаҳрдорӣ ҳам тарафҳои мусбат дорад ва ҳам манфӣ. Гап бар сари ин аст, ки оё кадоме аз ду бештар аст. Агар тарафи мусбат бештар бошад, пас шаҳрдорӣ кори нек кардааст, вале агар тарафи манфӣ, пас ташаббуси шаҳрдорӣ як иштибоҳ ва ё дахолат ба соҳаи ғайримасъулияти он аст.

Бо салом
Музаффар Усмонов
---------------------------------------
Мешавад шаҳрдории Душанбе тавзеҳ бидиҳад, ки ҳамаи пулҳое, ки мардум ба машруткаҳо медиҳанд ва дар иваз билет намегиранд, куҷо меравад? Оё ин системи пулчинӣ дар машруткаҳои шаҳр худ як системи фосид (коррумпированный) нест?

Фаромарз
--------------------------------------
Албатта, ин вазифаи шаҳрдории Душанбе нест дар умури дабистонҳо дахолат кунад, беҳтар буд, агар шаҳрдорӣ назми васоили мусофирбарии шаҳриро барқарор кунад, дар "машруткахо" билет ҷори кунад ва беш аз шумори курсиҳо савор кардани мусофиронро мамнӯъ кунад. Шаҳрдорӣ ҳамчунин муваззаф аст мусорҳои шаҳрро бартараф кунад, мардумро бо оби соф таъмин кунад.

Аммо, ин ки шаҳрдор ба мавзӯъи ҷамъоварии пул дар мадорис дахолат карда, бад-он маънист, ки мақомот аз ин гуна фасодкори комилан огоҳанд ва ин дахолат худ навъе эътирофи фасод дар мадорис аст. Давлат бояд низоми омӯзишу парваришро бакулли тағйир бидиҳад, пеш аз ҳама вазири маъориф ҷойи тафтишҳои содалавҳона ва шӯравиёна дар бархе мадорис низоми маъорифро бакуллӣ ислоҳ кунад. Вазир муфаттиш, прокурор ё пулис нест ва вазорат инспексияи давлати намебошад! Чи хуб буд агар ҳар мақоме кори худро мекард!

Дар мавриди дабистонҳо ва пулғункунии муъаллимон, ҳеч тавҷеҳе барои ин ҷиноят вуҷуд надорад ва ин ки мактаб ба тармим ё ремонт ниёз дорад ё чизи дигар, кори муъаллим нест. Тармими мактаб ё нарасидани китоб ё маъоши кам далел ё тавҷеҳе барои пулситонии муъаллим намешавад! Ҷиноят ҷиноят аст ва агар тамоми Тоҷикистон бемуъаллим бимонад, боз ҳам набояд дар баробари пулситонии муъаллимон гузашт кард! Агар тамоми муъаллимон пул меситонанд, пас бояд ҳамагиро ба зиндон фиристод!

Дар ниҳоят Вазорати маъориф бояд посух гуяд ки ин ҳама пулҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осиёӣ ва Бонки исломӣ, ки барои бахши маъориф, асосан барои тармими макотиб ва маъоши кормандон, сарф шуда, дар куҷо ва чигуна сарф шуда, мешавад вазири маъориф дар гузорише муфассал ҳамаи ин арқомро шарҳ бидиҳад?

Фаромарз
--------------------------------------
Салом ба ҳамаи ҳамватанони азиз.

Ришвахорӣ дар ҳамаи соҳаҳои давлативу ғаридавлатӣ вуҷуд дорад ва аз байн бурдани ин дар Тоҷикистон хеле кори душвор ҳаст. Нисбати тасмими ҷаноби Убайдуллоев ба фикри ман, тасмими хеле хуб аст, аммо ба шарте ки эҳтиёҷоти мактабҳоро ҳукумат бар дӯш бигирад.

Озодбахш
--------------------------------------
Банда аз ин тасмими шаҳрдорӣ истиқбол мекунам ва онро роҳи расидани наврасони камбизоат ба саводу дониш мешуморам.

Ҷамъоварии маблағ аз мактабиён сабаб шудааст, ки иддае аз наврасон мактабро тарк кунанд. Сарони мактабҳо дар як сол чандин бор аз мактаббачагон талаб мекунанд, ки маблағ биёранд, аммо кам иттифоқ меафтад, ки ба куҷо сарф шудани ин сармояро касе дақиқан бидонад.

Ман фикр мекунам, тармими мактабҳо бояд бо сармоягузории вазорати маъориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ амалӣ шавад, на бо пули падару модари мактабиён. Ҳукумати кишвар бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар диҳад. Вале боз ҳам ба сурати умум ҷамъ карда гирифтани пули мактаббачагон ва номуайянӣ дар харҷи ин маблағҳо номумкин аст.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
-------------------------------------
Гап бар сари ин аст, ки айни чунин ҳодиса, бо номи "доля" ва ё пулчинӣ дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлат вуҷуд дорад. Баъзе садрнишинон аз зердастон ва раҳбарони поёнтар низ пул ҷамъ мекунанд. Бояд аввал ин чизро хотима дод. Аммо муаллим 1 ё 2 сомонӣ ҷамъ меорад, на ҷомадонҳои долларро. Биноан чунин амр бояд боиси шарм бошад.

Бо эҳтиром
Раҳим аз Хуҷанд
--------------------------------------
Ба назар мерасад, ки шаҳрдории Душанбе ҳама кори дигарро анҷом дод, ки акнун ба равобити байни падару модарон ва муаллимон дахолат мекунад. Агар падару модар мехоҳанд, ба мактаби фарзандон ва бо ин роҳ ба ояндаи фарзандони худ кӯмак кунанд, чӣ бадӣ дорад?

Ашӯр
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG