Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Модаҳо нар мешаванд?


Пажӯҳишгарони Шветсия баъди таҳқиқе муайян кардаанд, ки кафлезакҳо ва ё қурбоққабачаҳои модина бинобар таъсири як олудагӣ дар об ба кафлезаки нар табдил ёфтаанд.


Ин олудагӣ дар худ моддаи эстроген, як навъ ҳормони инсонро доштааст, ки ҷинси бачаҳои қурбоққаро бо бузургтар шуданашон тағйир медодааст.


Чунин олудагиҳоро дар дарёҳои Аврупо, Амрико ва Канада пайдо кардаанд. Ба гуфтаи табиатшиносон, ин пажӯҳиш метавонад ба ин муаммо, ки чаро аз се бештар аз як ҳиссаи навъҳои қурбоққаҳо дар ҷаҳон дар ҳоли нобудӣ ҳастанд, равшанӣ биандозад.
XS
SM
MD
LG